Нимаи дуюми соли таҳсили ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф 92783 хонандагон ба мониторинги сатҳи сифати таҳсилот фаро гирифта шуданд. Аз ин теъдод 80764 нафар баҳои мусбӣ ва 12019 нафар баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд. Фоизи донишазхудкунӣ дар 6 моҳи соли таҳсил 87% буда, он назар ба ҳамин даври соли таҳсили гузашта 0,5% баланд аст. Сифатнокии сатҳи дониш 37,7% муайян гардид, ки он низ нисбат ба даври муқоисавии соли гузашта 3,0% зиёд аст.