Бо ташаббуси Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо имрӯз дар толори раёсати маорифи вилоят семинарии дурӯза оид ба омӯзишҳои минтақавӣ вобаста ба огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва муҳимоти нотаркида оғоз гардид. Ба чорабинӣ омӯзгорони фанни дифои ҳарбӣ ва методистони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои назди сарҳадӣ ҷалб гардиданд.
Тибқи барнома давоми ду рӯз мовини директории Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо, ҳамзамон масъули Барномаи огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо Алишо Шомаҳмадов ва тавсиягари огоҳсозии аьолӣ аз хатари минаҳо Шаҳринисо Давлатова бо иштирокчиён машғулият мегузаронанд.
Иштирокчиёни семинар ба ғайр аз шунидани маърӯзаҳо ҳамчунин филмҳои мустанадро тамошо карда, мубодилаи афкор мекунанд, таҷрибаи ҳамдигарро меомӯзанд, бо дастури масъалаҳои пешгирӣ ва паст кардани хатари минаҳо ва муҳимоти нотаркида дар байни мактаббачагон ва Роҳнамои таҳиякардаи Маркази байналмилалии Женева оид ба масоили амалиёти зидди минаҳо шинос мешаванд, роььои беьтари огоҳсозии аьолӣ, хусусан кӯдаконро аз хатари минаҳо ва муҳимоти нотаркида пешниҳод менамоянд.
Баррасии мавзӯъҳо ва мафҳумҳо аз китоби дарсии «Омодагии дифои ҳарбӣ» оид ба минаҳо, муҳимоти нотаркида, яроқҳои хурд ва силоҳҳои сабук низ ба нақша гирифта шудааст.