Соли ҷорӣ дар вилоят бунёди 15 иншооти соҳаи маориф ба нақшаи иншоотҳои сохташавандаи идораи сохтмони асосии вилоят ворид гардидааст. Дар давоми соли равон сохтмони бинои нави таълимӣ дар назди мактаби №19-и ноҳияи Ҷаббор Расулов барои 400 ҷойи нишаст ба тариқи ҳашар бунёд ёфта, ҳамзамон сохтмони бинои нави таълимӣ дар маҳаллаи Ҷалолиддини Румии ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз гардида, идома дорад.
Ҳамзамон аз ҷониби сафорати ИМА барои сохтмони бинои нави мактаби миёнаи №67 барои 240 ҷойи нишаст ва таъмири куллии бинои мактаби миёнаи №39-и шаҳри Исфара 600 ҳазор доллар маблағ ҷудо гардида, айни ҳол таъмири куллии бинои мактаби мазкур оғоз гардидааст. Алҳол дар вилоят 72 мактабҳое, ки биноҳои алоҳидаи онҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, мавҷуданд.