Дар мактаб-интернати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд барои барои бачагони ятиму бепарастор ва фарзандони оилаҳои камбизоат воқеъ дар шаҳри Бӯстон (собиқ шаҳри Чкалов) дар якҷоягӣ бо муассисаи таҳсилоти томактабии №5 «Калидчаи зарин» — чорабинии идонаи фарҳангӣ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир шуд. Дар ташкил ва гузаронидани чорабинӣ дар радифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарпарастони мактаб- интернат Корхонаи воҳиди давлатии «Фулузоти нодири Тоҷикистон» ва Идораи сохтмони асосии вилоят саҳмгузорӣ намуданд.
Ба чорабинӣ директори муассиса Қаҳрамон Умаров ҳусни ифтитоҳ бахшида, табрикоти роҳбарияти вилоят, Раёсати маорифи вилоят ва маъмурияти мактаб- интернатро ба самъи омӯзгорону тарбиятгирандагон ва меҳмонон расонид. Дар баромади кӯтоҳи ӯ қайд гардид, ки чорабинии имрӯза оғози тантанаҳои наврӯзӣ мебошад. Ҳозиринро ҳамчунин аз номи директории генералӣ ва маъмурияти КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» сардори шӯъбаи кадрҳои ҳамин корхона Заррина Солиева ба муносибати соли нави шарқиву Иди Наврӯ табрик гуфт.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бо баромади тарбиятгирандагони кӯдакистони №5 «Калидчаи зарин»-и назди КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» таҳти сарварии мудири муассиса Фирӯзахон Муҳаммадиева оғоз ёфт. Онҳо бо қироати шеърҳо дар васфи баҳору Наврӯз, рақсу сурудхонӣ ва намоиши саҳначаҳо хотири иштирокчиёнро болида гардониданд. Дар навбати худ тарбиятгирандагони болаёқати мактаб — интернат низ ҳунару маҳорати худро дар ифоданок хондани шеър, рақсу сурудхонӣ ва нақшофарӣ дар саҳна намоиш доданд. Аҳли толор барномаҳои консертӣ ва ҳунарнамоии варзишгарони наврасро бо кафкӯбиҳои бардавом истиқбол гирифтанд.
Дар рафти ҷамъбасти чорабинӣ директори мактаб – интернат Қаҳрамон Умаров ва ҷонишини директори муассиса оид ба корҳои таълиму тарбия Меҳринисо Султонова ба унвони саҳмгузонрон ва сарпарастон миннатдорӣ баён карда, таъкид доштанд, ки чунин ғамхорию дастгириҳо нисбати насли наврас аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ сарчашма мегиранд.
Баъди анҷоми чорабинӣ барои тарбиятгирандагон аз ҷониби сарпарастон дастурхони идона ороста шуд.