Имрӯз дар маҷлисгоҳи Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят бо иштироки муовини Раиси вилоят Н. Ғаффорӣ, сардори раёсати маорифи вилоят О.Каримзода, раиси Шурои Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Т.Ғафуров, аъзоёни ситоди «Тобистон-2015» — масъулини раёсатҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, корҳои дохилӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, хадамоти оташнишонӣ, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ ва Марказҳои солимгардонӣ, кормандони воситаҳои ахбор ва дигар намояндагони сохторҳои дахлдор ҷаласа оид ба рафти омодагӣ ба истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон доир гардид.
Оид ба вазъи омодагии истироҳатгоҳҳо раиси Шурои Федератсияи иттифоқҳои касабаи вилоят Т.Ғафуров гузориш дод. Вабаста ба қоидаҳои қабули кӯдакон, ҳифзи саломатии онҳо, таъминоти истироҳатгоҳҳо бо қувваи барқ, оби нӯшокӣ, маводҳои ғизоӣ, пешгирӣ аз сӯхтор ва дигар ҳодисаҳои нохуш дар истироҳатгоҳҳо ва ташкили чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ баромади намояндагони мақомотҳои дахлдор шунида шуд.
Сардори раёсати маорифи вилоят О.Каримзода таъкид намуд, ки то имрӯз аз 19 истироҳатгоҳҳо ҳамагӣ 3 адади онҳо ба қабули кӯдакон омода ҳастанду халос. Лекин аз ҷониби ташкилоту корхонаҳое, ки истироҳатгоҳҳо дар тобеияти онҳо мебошанд ва ташкилотҳои сарпараст маблағҳои зарурӣ ҷудо гардида, корҳои таъмиру омодагӣ дар онҳо босуръат идома доранд.
Дар ҷамъбаст муовини Раиси вилоят Н. Ғаффорӣ дастур дод, ки дар рафти ташкили истироҳати тобистона ба масъалаҳои таъмини истироҳатгоҳҳо бо кадрҳои касбӣ, ҷалби бештари ғолибони олимпиадаҳо, хонандагони болаёқат, аз оилаҳои кабизоат ва ятимону бепарастормондагон аҳамият дода шуда, кор бо онҳо дар доираи Созмони талабагӣ, маҳфилҳои фаннӣ, ҳунарҳои миллӣ, омӯзиши забонҳо, компютер, бозиҳои серҳаракат ба роҳ монда шавад.
Таъкид гардид, ки интихоби кадр, муайян намудани нархи роҳхатҳо, номгӯи таомҳо, сайру гашт, экскурсияҳо ба ҷойҳои таърихӣ, интихоби филмҳои намоиш додашаванда ва барномаҳои консертӣ бо раёсати маорифи вилоят мувофиқа карда шавад.
Барои ислоҳи камбудиҳои мавҷуда ва пурра омода намудани истироҳатгоҳҳо ба масъулин то 10 июн муҳлат дода шуд.