Беҳтарин китобхони Хуҷанд

Бахшида ба Соли оила, Соли рушди фарҳанг ва гулҳо дар мактаби миёнаи № 11 байни хонандагони мактабҳои шаҳри Хуҷанд озмуни «Беҳтарин хонандаи китобхон» дар ду давр доир гашт. Дар даври аввал 37 нафар ва дар даври дуюм 16 нафар хонандагон байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. (далее…)

Озмуни «Китобхони беҳтарин» ба охир расид

Дар мактаби миёнаи № 23-и ноҳияи Б.Ғафуров байни китобдӯстони ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов ва Унҷии ноҳия озмуни «Китобхони беҳтарин» аз рӯи 7 шарт: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, ҳимояи кори эҷодӣ аз рӯи асари хондашуда, қироати ифоданоки шеър ё порчаи насрӣ, нақшофарӣ аз рӯи асари хондашуда, шарҳи луғат, кашидани расми дилхоҳ аз рӯи асари хондашуда ва аз калимаҳои додашуда сохтани калимаҳои нав гузаронида шуд. (далее…)