Вазифаҳо муайян гардиданд

Дар ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят, ки таҳти раёсати сардори Раёсати маорифи вилоят Каримзода О.Қ. ва бо иштироки сардорону мудирони раёсат ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, зерсохторҳои Раёсати маорифи вилоят доир гардид, масъалаҳои муҳими соҳа баррасӣ ва вазифаҳои маорифчиён ҷиҳати истиқболи сазовори Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд. (далее…)

Ҷамъбасти фаъолияти солонаи Раёсати маориф

15 январ бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Назира Ғаффорӣ, кормандони дастгоҳи Раёсати маорифи вилоят, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, сарварони сохторҳои зертобеъ ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят доир гардид, ки он ба ҷамъбасти фаъолияти маорифчиён дар соли 2015 бахшида шуд. (далее…)

302 нафар соҳиби квота мегарданд

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлатӣ ва ҷалби духтарони деҳоти дурдасти шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифату фарҳанги онҳо, ҳамчунин дастгирии писарони лаёқатманд қарор аз 28 ноябри соли 2015, № 708 «Дар бораи Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020»-ро қабул намуда буд. (далее…)