Соли хониш аз машварат оғоз шавад

Омӯзгорони шаҳру ноҳия ҳама сол дар моҳи август машваратҳо аз ҳама фанҳои таълимӣ доир карда, фаъолияти худро барои соли хониши нав тарҳрезӣ мекунанд. Дар ин машваратҳо омӯзгорон аз таҷрибаи худ, натиҷаи тозакориҳо, бозёфту навгониҳо ба якдигар нақлҳо мекунанд, роҳи таълими фан, татбиқи нақшаю барномаҳо, дастуру ҳидоятҳои Сарвари мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳу усули беҳтарини кори таълиму тарбияро муқаррар мекунанд. (далее…)

Зебо Аминова ғолиби озмуни «Муаллими сол-2015»-и шаҳри Хуҷанд

Даври ниҳоии озмуни «Муаллими сол-2015»-и шаҳри Хуҷанд дар мактаби миёнаи №8 бо иштироки 6 нафар довталабон баргузор гардид. Муаррифии дарс, тарзи баёну услуб ва истифодаи аёниятҳо, саволу ҷавоб аз фанни таълимӣ ва донистани санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ шартҳое буданд, ки аз рӯи онҳо довталабон донишу маҳорати хешро намоиш доданд. (далее…)