Ҳадаф: истиқболи шоиста

Санаи 22.07.2016 дар маҷлиси назоратии назди сардори раёсати маорифи вилоят масъалаҳои «Натиҷаи маҷлиси ҷамъбастии фаъолияти хоҷагии халқи вилоят дар нимсолаи аввали соли 2016», «Пешниҳоди Прокуратураи вилоят «Оид ба бартарафсозии қонунвайронкуниҳо дар муассисаи таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Бӯстон», «Омодагӣ ба истиқболи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ощози соли таҳсили 2016-2017» мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифт. (далее…)

Осим каримзода: сатҳу сифати забономӯзониро баланд бардорем!

Дар машварати кории назди сардори Раёсати маорифи вилоят, ки имрӯз доир гардид, як қатор масъалаҳои муҳими рӯзмарра, аз ҷумла риояи қатъии интизоми меҳнат, ташкили гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисони ботаҷриба, ба роҳ мондани аудити дохилӣ ва назорати қатъии истифодаи мақсадноки маблағҳо, назорати сифати корҳои таъмирию ободонӣ, омодагии ҳаматарафа ба олимпиадаи вилоятии хонандагони синфи 10, даври ҷумҳуриявии олимпиада ва  иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, таҳия ва таҳлили маълумоти омории ҳармоҳа оид ба ҷиноятсодиркунии хонандагон, таҳияи нақша- чорабиниҳо вобаста ба татбиқи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми олии қонунгузори кишвар ва ба роҳ мондани корбарӣ аз рӯи он, истифодаи босамари имкониятҳои воситаҳои ахбори омма дар самти инъикоси фаъолияти маорифчиён, ҳамкории пурсамар бо сомонаи интернетии Раёсати маорифи вилоят, баланд бардоштани сифати машғулиятҳои курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорони фанҳои забони давлатӣ, забони русӣ ва забони хориҷӣ, ҷалби омӯзгорони пешқадам ва ботаҷрибаи маҳаллӣ ва мутахассисони баландихтисоси хориҷӣ ҷиҳати омӯзонидани таҷрибаи пешқадам ва усулҳои босамари таълими забонҳо, ташкили ҳашару шанбегиҳо бо мақсади ободонӣ, тайёрии ҳамаҷиҳата ва таъмини ширкати фаъолонаи аҳли маориф дар чорабиниҳои ҷашнии «Фестивали лола», «Сайри лола» ва «Карнавали наврӯзӣ», истифодаи босамари соати захиравӣ ва дарсҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимӣ, идома додани анъанаи гузаронидани Рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят дар шаҳру ноҳияҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. (далее…)