Ибтидои соли ҷорӣ муқаррар шуда буд, ки дар вилоят 111 муассисаҳои таълимӣ ба тармиму навсозиву бунёд эҳтиёҷ доранд. Ба шарафи 25-солагии Истиҷлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 37 иншоот ба талаботи замонавӣ мутобиҷ гардонида шуд. Аз ҷумлаи онҳо дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умуми, яке дар ноҳияи Зафаробод ва дигар дар ноҳияи Спитамен бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба бинои тозабунёд соҳид гардиданд.