Дар доираи панҷумин ярмарка-намоиши байналмилалии “Таҳсилоти россиягӣ. Душанбе 2016” имрӯз дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти нахустини намояндагони 8 мактабҳои олии Русия бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд доир гардид.
Чорабиниро сарвари маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд кард, ки равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ба мо дӯсти Федератсияи Русия сол то сол густариш ёфта, саҳми ин давлат дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус зиёд шуда истодааст. Ҳамасола баргузории ярмарка- намоиши байналмилалии “Таҳсилоти россиягӣ» худ далолати гуфтаҳои болоианд.
Намояндагони Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой, Донишгоҳи давлатии Мари, Донишгоҳи федералии Шарқи дур, Донишгоҳи давлатии авиатехникии Уфа, Донишгоҳи давлатии федералии Кавкази Шимолӣ, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Уралск, Донишгоҳи давлатии аграрии Дон, Донишкадаи технологии саноати хуроквории Кемерово, Донишгоҳи давлатии архитектура ва сохтмони Санкт-Петербург тариқи видеонавор, буклету нашрияҳо донишгоҳҳои худро муаррифӣ намуданд. Зимни мулоқоти озоду шаффоф онҳо аз афзалиятҳои муассисаи худ ба монанди хобгоҳу пойгоҳи моддиву техникӣ ва шароити таълиму тадрис сухан намуда, қайд карданд, ки сол то сол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар ин муассисаҳо зиёд мегардад.
Хонандагон дар фарҷоми чорабинӣ ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
Қайд шуд, ки санаи 6 апрел олимпиада барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Уралск ва Донишгоҳи федералии Шарқи дур доир мешавад. Ва хоҳишмандон метавонанд дар МТМУ№23 –и шаҳри Хуҷанд худро номнавис кунанд.