6 нафар барои дарёфти медал пешниҳод шуданд

Дар анҷоми соли хониши ҷорӣ  ба Раёсати маорифи вилоят аз шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Зафаробод, мактаби Президентии шаҳри Бӯстон   ҳуҷҷатҳои 15 нафар хатмкардагони синфҳои 11 барои соҳиб шудан ба аттестати аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра  ворид гардиданд. (далее…)

Омодагӣ ба зимистонгузаронӣ

Дар муассисаҳои таълимии вилоят  то имрӯз 5426,5 тонна ангишт захира намуданд, ки 51,3%-и нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Нақша дар шаҳри Истиқлол 100%, ноҳияҳои Ҷ.Расулов 93,8%,  Айнӣ 92,1% иҷро гардида,  вале дар ноҳияи Зафаробод 29,6%, шаҳри Хуҷанд 30,5%  ангишт захира шудаасту халос. Дар шаҳрҳои Бустон ва Панҷакент бошад, ин кор то ҳол оғоз наёфтааст.

Басти якуми истироҳат ба охир расид

Дар истироҳатгоҳи “Вохӯрӣ”-и шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров басти якуми  истироҳати бачагон  ҷамъбаст гардид.  Дар он 110 нафар  кӯдакон, аз ҷумла 13 нафар аз оилаҳои камбизоат ва 10 нафар ятим ба истироҳат  фаро гирифта шуда буданд. (далее…)