Бақайдгирии довталабон дар ММТ идома дорад

Барои хоҳишмандоне, ки дар давраи бақайдгирии асосии довталабон дар муҳоҷирати меҳнатии берун  аз ҷумҳурӣ қарор доштанд ё дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ адои хизмат карда буданд,   ҳамчунин хонандагоне, ки бо сабабҳои узрнок дар вақти бақайдгирии асосӣ аз қайд назузашта буданд. (далее…)

Сатҳи сифати дониш муайян шуд

Нимаи дуюми соли таҳсили ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф  92783  хонандагон ба мониторинги сатҳи сифати таҳсилот фаро гирифта шуданд. (далее…)

Оғози истироҳати омӯзгорон

Бо  шарофати  ғамхории Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ  дирӯз 93 нафар омӯзгорони пешқадаму навовар аз муассисаҳои таълимии ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилоят ба осоишгоҳи “Шифо”-и шаҳри Гулистон  фаро  гирифта шуданд. Дар давоми 12 рӯз онҳо истироҳат ва табобат намуда, ба чорабиниҳои  гуногуни фарҳангию  фароғатӣ фаро гирифта мешаванд.

Паём татбиқ мегардад

Дар кудакистони 3 9-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар дар мавзӯи “Моҳияти Паёми Сарвари давлат (20160) дар тарбияи кудакони синни томактабӣ” доир гардид. 40 нафар иштирокчиён хушнудӣ ваз Паём ва андешеҳои қобили қабул изҳор намуданд.

Кормандон аз аттестатсия гузаштанд

Мутобиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ 17 нафар кормандони педагогии Маркази таҳсилоти иловагии вилоят аз аттестатсияи навбатӣ гузаштанд. Дар натиҷа  5 нафар ба дараҷаи тахассусии олӣ, 8 нафар ба дарҷаи тахассусии якум ва 3 нафар  ба  дараҷаи тахассусии   дуюм  сазовор дониста шуданд.

Cеминари дастурдиҳӣ доир ба татбиқи Дастурамали аз аттестатсияи гузаронидани хонандагон

Имрӯз дар толори Раёсати маоориф вилоят семинари дастурдиҳӣ доир ба татбиқи Дастурамали аз аттестатсияи гузаронидани хонандагон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   аз 30.04.2015, № 10/32 тасдиқ шудааст,  бо иштироки  мутасаддиёни раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид. (далее…)

Марҳилаи муҳим барои толибилмон

Бо баробари итмом ёфтани соли хониш дар ҳама дабистонҳои вилоят атестатсияи аз синф ба син фгузаронӣ оғоз гардида, ҳамчунин хатмкунандагон низ имтиҳонҳои давлатӣ супорида истодаанд. Тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят ҳамаи кормандони раёсат муваззаф шуданд, ки ҷараёни атестатсияро дар шаҳру навоҳӣ мавриди санҷиш қарор диҳанд. (далее…)

Толибилмон ба ғамхорӣ фарои гирифта шуданд

Бо дастгирии ва ташаббуси Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ таи се рӯз аст, ки 162 нафар толибилмони шаҳру навоҳии вилоят дар Муассисаи давлатии истироҳатгоҳи солимгардонии кӯдакону наврасон ва ҷавонони ба номи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароғат фарогир карда шудаанд. (далее…)

Ба кӯдакон муносибати некбинона мебояд

Рӯзи 6 июни соли ҷорӣ бо ибтикори Маркази таҳсилоти иловагии  Раёсати маорифи вилоят дар толори Раёсати тандурустии вилоят  семинар- машварат дар мавзӯи “Ба кӯдакон муносибати некбинона мебояд”  бо иштироки намояндагони  комиссияи кор бо ноболиғони  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, Раёсати корҳои дохилӣ ва  Раёсати тандурустӣ доир гардид.  Дар семинар –машварат масъалаи  пешгирии меҳнати иҷбории кӯдакон дар мавсими  таътили тобистона  мавриди муҳокима  қарор гирифт.

1 2