ЗИКРИ ДАСТОВАРДҲО ДАР ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАҲО

DSCF9970 (1)Хатмкунандагони шаҳри Конибодом низ дар асоси нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз мулоқоти озоду самимии сарварони муассисаҳои олии вилоят бенасиб намонданд. Наздики 300 нафар толибилмони фаъол бо мақсади шиносоии бештар пайдо намудан аз фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳои вилоят дар маҷлисгоҳи мақомоти шаҳр гирд омаданд.

Муовини раиси шаҳри Конибодом Замира Ашӯрзода меҳмонро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба намояндаи МИҲД- и вилоят Мирзотоҳир Набиев дод. Мавсуф аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки сол то сол аз шаҳри Конибодом шумораи донишҷӯён зиёд гардида, алҳол дар ҳама муассисаҳои олии вилоят 2481 нафар донишҷӯёни конибодомӣ таҳсли илм доранд. (далее…)

ТАВАҶҶӮҲ БА ФАРДОИ ҶАВОНОН

DSCF9953Дар толори маҷлисгоҳи нозироти андози шаҳри Исфара мулоқоти навбатии сарварони муассисаҳои олии вилоят бо хатмкунандагони ин шаҳр  доир гардид.

Чорабиниро муовини раиси шаҳр Таборакхон Умарзода ҳусни ифтитоҳ бахшида роҳандозии чунин тадбирро, ки бо иқдоми Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ  доир шуда истодааст, хеле муҳим ва саривақтӣ барои интихоби касби ҷавонон номид. (далее…)