DSCF9970 (1)Хатмкунандагони шаҳри Конибодом низ дар асоси нақша-чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз мулоқоти озоду самимии сарварони муассисаҳои олии вилоят бенасиб намонданд. Наздики 300 нафар толибилмони фаъол бо мақсади шиносоии бештар пайдо намудан аз фаъолияти донишгоҳу донишкадаҳои вилоят дар маҷлисгоҳи мақомоти шаҳр гирд омаданд.

Муовини раиси шаҳри Конибодом Замира Ашӯрзода меҳмонро хайрамақдам гуфта, риштаи суханро ба намояндаи МИҲД- и вилоят Мирзотоҳир Набиев дод. Мавсуф аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки сол то сол аз шаҳри Конибодом шумораи донишҷӯён зиёд гардида, алҳол дар ҳама муассисаҳои олии вилоят 2481 нафар донишҷӯёни конибодомӣ таҳсли илм доранд.

Анвар Мақсудӣ, ректори ДДХ дар баромадаш асосан дар бораи мустаҳкам шудани пояи моддиву техникӣ ва дар раванди таълим ҷой надоштани ришваситонӣ, Ҷамшед Ҳабибулло, ректори ДДҲБСТ аз дастовардҳои хатмкунадагони донишгоҳ ва робитаи онҳо бо мақомотҳои иҷроияи маҳалливу қудратӣ, Мухтор Фозилзода, ректори ДКМТ аз афзалиятҳои донишкада дар интихоби касбҳои иктишоф ва ҳамкории ҳасана бо корхонаҳои коркарди канданиҳои фоиданок, Ҳошимзода Ҳомидҷон, муовини директори ДИСДТТ аз ҷорӣ шудани забонҳои англисиву хитоӣ дар раванди таълим ва ҳамкорӣ бо муассисаҳои олии хориҷӣ сухан карданд.

Мудири кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттиллотии Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Хуршед Худойбердиев зимни муаррифии донишкада қайд кард, ки он ихтисосҳое, ки имрӯз донишкада роҳандозӣ кардааст, ҳамааш дархури замонаанд. Дар мо ихтисосҳои ба ҷомеа зарур, ба монанди муҳандисони соҳаи саноати хӯрока, саноати сабук, меъмориву сохтмон, агротехнологу ҳамлу нақл, энергетику нақлиёт, иқтисодчиву барномарез омода карда мешаванд. Соли рафта ду ихтисоси нав – Идораи захираҳои иттилоотӣ ва Низомҳои бисёрқанотаи телеробитаҳо ба фаъолият шурӯъ намуда, алҳол сафи довталабон ба ин ихтисосҳо меафзояд. Дар донишкадаи чор сол инҷониб таҳсилоти тариқи фосилавӣ амал мекунад, ки алҳол 200 нафар дар чунин равия таҳсил доранд. Афзалияти ин усул он аст, ки донишҷӯ новобаста аз ҷои зист, ҷои кор метавонад дарс, вебинарҳои устодонро тариқи сомонаи www.fosilavi.tj гирифта, соле як маротиба ба донишкада омада, дониши азхудкардаашро назди устод бисанҷад.

Бо ҳамин чорабинӣ хотима пазируфт

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>