Дар Маҷмааи таърихию фарҳангии “Қалъаи Хуҷанд”-и маркази вилоят бахшида ба “Соли ҷавонон” озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ» баргузор гардид. Дар озмуни вилоятии «Ҷавонон – рушди илм, завқи бадеӣ ва худшиносии миллӣ», ки дар ду бахш миёни донишҷўён, магистрантон, аспирантон, докторантон ва муҳаққиқони ҷавон (то 30-сола) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11) аз рӯи шартҳои гуногун, аз ҷумла, “Омўзиши китобҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон”, “Муаррифии асарҳои ноомўхтаи донишмандони тоҷик”, “Ҷавонони соҳибтаълиф”, “Ҳифзи ашъори Камоли Хуҷандӣ”, “Ҳифзи матнҳои адабӣ”, “Омўзиши асарҳои адабӣ” гузаронида шуд, 152 нафар довталабон иштирок намуданд. (далее…)