r-maorifАкадемияи хурди илмҳои вилояти Суғд таҳти сарпарастии Раёсати маориф ва мактабҳои олии касбии қаламрави вилоят фаъолият мебарад.
Академияи хурди илмҳо – иттиҳодияи ихтиёрии эҷодии толибилмону хонандагони синфҳои болоӣ буда, вазифадор аст, бобати ба корҳои эҷодӣ, илмиву техникӣ ҷалб намудани хонандагон, рушди маърифат, малакаи кори илмиву тадқиқотӣ, ихтирооту таҷрибаро вақтҳои берун аз машғулиятҳои таълимӣ таҳти сарварии олимон, омӯзгорони мактабҳои олӣ, таълимгоҳҳо, мутахассисони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ  пурзӯр созад.
Сессияи Академияи хурди илмҳо беш аз 40 сол аст, ки амал мекунад. Дар солҳои нахусти ташкилёбӣ дар Академияи хурди илмҳо танҳо чор бахш: фанҳои физика, математика, забону адабиёт ва биология фаъолият мебурданд. Айни замон бошад, дар доираи фаъолият зиёда аз чордаҳ бахш: математика, физика, астрофизика, химия, биология, тиб, ҳуқуқ, забон ва адабиёти рус, забони хориҷӣ, забон ва адабиёти тоҷик, таърих, педагогика, равоншиносӣ, экология, иқтисодиёт ва ғайраҳо амал менамоянд.
Идомаи фаъолияти корӣ Академияи хурди илмҳо, ки қаблан президентии онро дар вилояти Суғд шодравон, профессор С.Марофиев ба зимма доштанд, дар тарбияи илмдӯстони наврас саҳми шоиста мегузорад. Алҳол теъдоди зиёди дастпарварони академияи хурди илмҳо дар донишгоҳҳои олии касбии кишвари Олмон, шаҳрҳои Барнаул, Новосибирск, Екатеринбург, Маскави Федератсияи Русия ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил намуда истодаанд. Яке аз чунин шогирдони Академияи хурди илмҳо Таҳмина Бобоҷонова аз шаҳри Хуҷанд аст, ки айни замон дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино таҳсил намуда, баъди хатми он ҳамчун омӯзгор фаъолият дошта, дар аспирантураи ин маъвои маърифат таҳсилро идома мебахшад. Аз ноҳияи Ашт  Ӯ. Масаидов  алҳол дар Академияи улуми ҷумҳурӣ кору фаъолият мебарад. Сомон Ҳомидов – аз ноҳияи Ашт дар факултети ҳавопаймоии муассисаи олии касбии шаҳри Одесса, Мавзуна Почоева – аз шаҳри Хуҷанд дар Олмон, Исмат Иброҳимов – аз ноҳияи Б.Ғафуров дар шаҳри Маскав таҳсили худро бомуваффақият идома мебахшанд.
Боиси хушнудӣ ва сарбаландист, ки ба ифтихори Соли ҷавонони кишвар тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз санаи 31.03.2017, таҳти №73 дар муассисаи таълимии №28 – и ноҳияи Б.Ғафуров чанде қабл сессияи Академияи хурди илмҳои вилоят баргузор гардид. Дар он аз 16 шаҳру ноҳияҳои вилоят 450 нафар толибилмон ширкат варзида, аз ин теъдод 207 нафар ба шаҳри Душанбе ҷиҳати иштирок дар сессисяи Академияи хурди илҳо роҳхат гирифтанд. Дар озмунҳои ташкил намудаи сессияи Акдемияи хурди илмҳои ҷумҳуриявӣ 207 нафар иштирок намуда, дастаи вилояти Суғд сазовори ҷойи аввалро сазовор гардид.

Соро БАРОТОВА,
котиби масъули
Академияи хурди илмҳо
дар вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>