Сухан оид ба сифати таълим

Аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии таълимию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади расонидани ёрии методӣ ба мудир ва мушовирони кабинетҳои  методии назди раёсат ва шӯъбаҳои маориф, бо дастгирии барномаи минтақавии лоиҳаи “Хониши босифат” ба қарибӣ дар муассисаи таълимии хусусии “Гимназияи хонандагони лаёқатманди шаҳри Қӯрғонтеппа ба номи Аминҷон” семинар – машварати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Дар семинар – машварат, ки намояндагони раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоят низ ширкат доштанд, оид ба масъалаҳои пешбурди кори таълиму тарбия, усулҳои таълим дар низоми таълими салоҳиятнокӣ, истифодаи усулҳои манфиатбахши таълим дар машғулиятҳои дарсӣ ва ғайра маърӯзаҳои пурмазмуни масъулин аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ шунида шуданд.
Шоистаи қайд аст, ки як қатор  намояндагони раёсат ва шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилоятамон  низ дар иртибот ба масъалаҳои пешбурди кори таълиму тарбия андешаҳои ҷолиб баён доштанд.
Семинар – машварат хеле судманд ҷараён гирифт.

Б.ХОҶАЕВ,
мутахассиси пешбари шӯъбаи
таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи
умумии Раёсати маорифи вилоят

“Таҷассумгари олами рангини кӯдакон”

Таҳти ҳамин унвон дар толори китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ба ифтихори 85 – умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Убайд Раҷаб маҳфили шеърхонӣ баргузор гардид. Адибони маъруф Саидамин Ҷило, Маъруф Бобоҷон, Ӯлмаси Хол иштирокчиёни маҳфили адабӣ буданд. (далее…)