Таҳти ҳамин унвон дар толори китобхонаи оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ ба ифтихори 85 – умин солгарди зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Убайд Раҷаб маҳфили шеърхонӣ баргузор гардид. Адибони маъруф Саидамин Ҷило, Маъруф Бобоҷон, Ӯлмаси Хол иштирокчиёни маҳфили адабӣ буданд.Аввал хонандагони синфи 4 — ум оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабии Убайд Раҷаб маълумот доданд. Хонандагони синфи ибтидоӣ таҳти роҳбарии китобдор Дилрабо Ниёзова аз ашъори шоир намунаҳо қироат намуданд. Намоиши слайде, ки аз тарафи китобдорони толори кӯдакон ва наврасон бо фарогирии ҷанбаҳои гуногуни зиндагонии Убайд Раҷаб пешкаш гардид, писанди ҳозирин шуд. Тариқи  намоиши асарҳо китобҳои ашъори Убайд Раҷаб, аз қабили “Ҳадяи бобо”, “Сарез”, “Пайраҳа”, “Нимарӯз”, “Арчамайдон”, “Куҷо шуд пинҳон тафси тобистон?”, “Ману ҷӯраҳои ман”, “Рози обшор”,“Ҷони бобо” пешкаши ҳозирин гардонида шуд.
Сипас, меҳмонон зимни суханронӣ, фикру ақидаи худро нисбат ба китобу китобхона иброз доштанд. Таъкид рафт, ки бисёртар китоб хонда, дониши худро сайқал бахшанд, кишвару Ватани худро обод намуда, ворисони ҳақиқии чунин адибон гарданд.
Директори муассиса Р.Бегматова ба меҳмонон изҳори сипос намуда, маҳфилро ҷамъбаст кард.

Д.НИЁЗОВА,
мудири китобхонаи МТМУ №12,
шаҳри Хуҷанд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>