Китобхони беҳтарин муайян гардид

123Бо мақсади ҷалб намудани ҷавонон ва наврасон ба китобҳои бадеӣ ва китобхонӣ, баланд  намудани маҳорат ва малакаи эҷодкорӣ, ғанӣ гардонидани тафаккури онҳо, бахшида ба эълон гардидани Соли 2018 — соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ озмуни вилоятии «Китобхони беҳтарин» дар муассисаи таълимии №5-и шаҳри Хуҷанд аз рӯи 7 бахш: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, ҳимояи кори эҷодӣ аз рӯи асари хондашуда, қироати ифоданоки шеър ё порчаи насрӣ, нақшофарӣ аз рӯи асари хондашуда, шаҳри луғат, кашидани расми дилхоҳ аз рӯи асари хондашуда, аз калимаҳои додашуда сохтани калимаҳои нав гузаронида шуд. Ба гуфти Фирдавс Ашӯрматов – директории маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар озмуни мазкур 22 нафар хонандагон- ғолибони даври минтақавии озмун аз 17 шаҳру ноҳияҳо иштирок карданд. Мувофиқи хулосаи ҳайати ҳакамон ҷойи аввалро хонандаи синфи 10, МТМУ 12-и ноҳияи Б. Ғафуров Саиднабиева Мунзифа соҳиб шуд. Зинаҳои баъдиро Давронов Рамшед, хонандаи синфи 11, МТМУ №2-и шаҳри Гулистон ва  Убайдуллоева Сайҳона, хонадаи  синфи 9, Гимназияи №5- и ноҳияи Ашт ишғол намуданд.

Ғолибони озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳо хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд ва инчунин ҳамаи  иштирокчиёни озмун бо сипосномаи сардори Раёсати маорифи вилоят ва директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят сарфароз гардонида шуданд.

Қобили таъкид аст, ки дар даври минтақавӣ ва вилоятии озмун наздик 3000 нафар хонандагон фаъолона иштирок намуданд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

СУХАН АЗ БУРДУ БОХТИ МАОРИФЧИЁН

DSCF2667Дар партави Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, таҳти №АП – 1729 нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилоят бо намояндагони воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.

Дар нишасти матбуотӣ сухан оид ба натиҷаҳои фаъолияти маорифчиёни вилоят дар соли 2017 ва тараддудҳои имрӯзаи ҷомеаҳои меҳнатии муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбияи насли ояндасоз  рафт.

Дар нишасти матбуотӣ хабарнигорони рӯзномаҳои «Ҷумҳурият», «Садои мардум» «Омӯзгор»,«Тоҷикистон», «Азия плюс»,  «Фараж», «Корвони умед», «Ҳақиқати Суғд», «Суғд ҳақиқати», «Согдийская правда», «Сухани халқ», «Нилуфар», хабарнигорони ТВ «Суғд»,  ШТР «Азия», ШТР «СМ-1», ШТР «7 ситора»,  хабарнигорони радиоҳои вилоят, «Пайванд», «Шаҳри ман»  ва дигар кормандони васоити ахбори омма дар маҷмӯъ 33 нафар намояндагони расонаҳои хабарӣ ҳузур доштанд. Мудирони шуъбаҳо, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, масъулини пешбурди кори таълиму тарбия низ иштирокчиёни нишаст буданд.

Аввал, сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд О.Қ. Каримзода ҳозиринро бо натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилояти Суғд дар соли 2017, барору камбудиҳои ҷомеаи меҳнатии муассисаҳои таълимӣ муфассал ошно сохт.

Аз ҷониби сардори Раёсати маориф зикр шуд, ки маорифчиёни вилоят дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ҷаҳду талош варзида,  ба як қатор  натиҷаҳои дилписанд соҳиб шуданд.  Ҳамчунин зикр шуд, ки бори нахуст дар миқёси вилоят бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш олимпиада байни хонандагони синфҳои 5 – 8 аз панҷ фанни таълимӣ (табиӣ — риёзӣ) гузаронида шуд, ки дар он 270 нафар хонандагони болаёқат иштирок доштанд. Дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявии анъанавӣ, даставӣ ва номӣ 59 нафар хонандагони муассисаҳои вилоят ба гирифтани ҷойҳои фахрӣ, аз ҷумла 16 ҷойи якум, 13 ҷойи дуюм ва 30 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. 125 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва  87 нафар ғолибони олимпиадаи фосилавии давлатҳои Амрико, Фаронса ва Тайван гардиданд. 16 нафар  хонандагони Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, ки дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил  гардида буданд,  аз 5 то 15 ҳазор сомонӣ ва 5 нафар омӯзгорони онҳо  аз 5 то 15 ҳазор сомонӣ, ҷамъ бо 268 ҳазор сомонӣ  мукофтопулии яквақтаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сарфароз гардиданд.

 Икромова Раъно  – омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таълимии № 14 — и ноҳияи Б. Ғафуров ва Исмоилова Меҳрангез — мураббияи кӯдакистони №8 — и ноҳияи  Б. Ғафуров ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявии “Муаллими соли Тоҷикистон-2017” ва “Мураббии соли Тоҷикистон -2017” гардиданд.

Баъди суханронии муфассали сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд  О.Қ. Каримзода байни ў ва хабарнигорон муколамаи хеле ҷолиб сурат гирифт.

Хабарнигорон Сайфулло Махкамов, Ҷовиди Аштӣ, Мирзоаъзам Мақсудов, Фарзона Муродӣ, Мӯниса Атаева, Ҷамшед Маъруфов, Ҳалимҷон Ҷӯраев, Мадина Почоева, Нодира Худойдодова ва Озод Мелибоев оид ба масъалаҳои мухталифи фаъолияти маорифчиёни вилоят ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия пурсишҳо ба амал оварданд.

Аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят О.Қ. Каримзода ба суолҳои матраҳшуда хеле возеҳ равшанӣ андохта шуда, бо мисолҳои мушаххас корҳои дар ин самт анҷомёфта шарҳу эзоҳ ёфтанд.

Сардори Раёсати маорифи вилоят О.Қ. Каримзода дар сухани хотимавиаш ба рўзноманигорон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар нишаст ва барои ҳамкории муфидашон бо маорифчиёни вилоят самимона изҳори сипос кард.

Нишасти матбуотии сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд бо намояндагони воситаҳои ахбори умум хеле пурманфиат ҷараён гирифт.

Абдусабур Абдуваҳҳобов