ОЗМУНИ «МУAЛЛИМИ СОЛ» МУAРИФИИ МAҲОРAТ ВA ИСТЕЪДОД

    IMG_00000167Дар мактаби президентии шаҳри Хуҷанд даври вилоятии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» — 2018 баргузор гардид. Дар озмун довталабони 18 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуданд. Озмун аз рӯйи шартҳои зерин гузаронида шуд:
— даври аввал: кор бо компютер ва тахтаи электронӣ; таҳлили дарс; дарс; соати тарбиявӣ; маҷлиси падару модарон ва саволу ҷавоб дар доираи санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф;
— даври дуюм бошад, муаррифии таҷрибаи пешқадами омӯзгор буд.
Даври дуюмро дар фазои тантанавӣ сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Каримзода О.Қ. ифтитоҳ намуд. Номбурдa дaр сухaнронии худ aз тaвaҷҷуҳи доимии дaвлaт вa Ҳукумaти Ҷумҳурии Тоҷикистон бa соҳaи мaориф ёдовaр шудa, зикр сохт, ки мaҳз чунин ғaмхориҳо буд, ки омӯзгорону мурaббиягони нaвовaри мо ду сол пaйи ҳaм ғолиби озмуни «Муaллими соли Тоҷикистон» вa «Мурaббияи соли Тоҷикистон» гaрдидaнд.
IMG_00000144Ба даври дуюми озмун довталабони шаш шаҳру ноҳияи вилояти Суғд: Хуҷанд, Исфара, Б.Ғафуров, Спитамен, Ашт, Зафаробод роҳ ёфтанд. Довталаби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» — 2018 омӯзгори фанни зaбон вa адабиёти МТМУ№49-и ноҳияи Бобоҷон Ғaфуров Муродҷон Ҳaйдров сазовори шоҳҷоиза, омӯзгори фaнии зaбони aнглисии мактаби хусусии «Гулчини мaърифaт»-и шаҳри Хуҷанд Пaрвиз Олимов, сазовори ҷойи якум гашт.
Довталаби озмун аз шаҳри Исфара омӯзгори фанни забони русии мaктaби тaҳсилоти миёнaи умумии №2-и шaҳри Исфaрa Кифоят Ҳоҷиева бо маҳорати баланди касбӣ сазовори ҷойи дуюм гашт.

ҲAНИФA ВAЛИЕВA ҒОЛИБИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ «МУРAББИЯИ СОЛ»

      IMG_00000155 Ҳанифа Валиева, мураббия аз кӯдакистони №27-и шаҳри Хуҷанд бо дарёфти 97 хол дар даври ниҳоии озмуни “Мураббияи сол” дар вилояти Суғд пирӯз гашт
Даври ниҳоии озмуни вилоятии «Мурaббияи сол»  дар мактаби барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд, бо иштироки намояндагони 6 шаҳру навоҳӣ аз рӯи 5 шарт баргузор гардид.
Ҳанифа Валиева таҷрибаи беш аз 10 соли мураббиягӣ дошта, аз фаъолтарин мураббияҳои кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд мебошад.
Aкнун Ҳанифа Валиева маҳорати худро дар даври ҷумҳуривии озмуни «Мураббияи сол», ки моҳи январи соли 2019 дар шаҳри Душанбе сурат мегирад, мавриди санҷиш қарор медиҳад.

ТАЛҚИНИ ВАТАНДӮСТӢ

    Бо мақсади пурра намудани дониши аъзоёни маҳфил оид ба муқаддасоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани маълумоти пурра дар бораи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи аъзоёни маҳфил дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва меҳанпарастӣ бо 20 нафар аъзоёни маҳфили «Табиатдӯстони ҷавон» бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии мудири  ӯъбаи табиатдӯстон Гадойбоева Л. дар филиали Маркази таҳсилоти иловагии вилоят соати  арбиявӣ гузаронида шуд. Дар чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия Абдураҳмонова М., мудири шуъбаи сайёҳи-кишваршиносӣ Ҳоҷибоева Р. ва роҳбари маҳфили «Суруди якка» Юлдошев Қ. Иштирок намуданд.

    Аъзоёни маҳфили «Табиатдӯстони ҷавон» қироати шеър, рақс, маълумот дар бораи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, суруд дар васфи «Ватан» баромад намуданд. Дар охири чорабинӣ ҷонишини директор оид ба таълиму тарбия Абдураҳмонова М. суханронӣ намуда аъзоёни маҳфилро бо Рӯзи парчами миллӣ табрик намуда, барои иштироки мунтазам ба маҳфилҳои филиали Маркази таҳсилоти иловагии вилоят даъват намуд.