«КОНСИТИТУТСИЯ ОРАД БАХТУ САОДАТ»

    Тибқи нақшаи кории Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят санаи 5 ноябри соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи « Конститутсия орад бахту саодат» бо аъзоёни маҳфили Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон дар литсейи №1 мизи мудаввар баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур намояндагони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи вилоят ва шаҳри Бӯстон, кулли омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таълимӣ иштирок карданд. Мизи мудаввар бо шеърхонии хонандагон оғоз шуда, дар рафти чорабинӣ хонандагон дар бораи таърихи қабули Конститутсия дар давраи ИҶШС ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд. Ҳамчунин, панду андарзҳои муттафаккирони тоҷик оиди ин мавзуъ гуфта шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ хонадагон оиди аҳамияти омӯзиши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан карда, бо суруди умумӣ дар васфи Тоҷикистон ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшиданд.

НӮҲ МОҲИ БУРДУ БОХТ

    мушовара1Ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд, ки санаи 1-ноябр дар гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки мудирони шуъбаҳои Раёсати маориф, муассисаҳои зертобеи он, сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳия доир гардид, фаъолияти нӯҳ моҳаи соҳаи маорифро мавриди баррасӣ қарор дод. Ҳамчунин дар ҷаласа 12 масъалаҳо вобаста ба беҳдошти таълиму тарбия, натиҷаҳои аттестатсияҳои муассисаҳои санҷидашуда, бардошт аз рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, омодагии ба мавсими тирамоҳу зимистон, иҷроиши қарори Раиси вилоят аз 16. 05. 2018 “Дар бораи ташкли истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2018 ”, вазъи бо ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, натиҷаҳои таҳлили дохилшавии довталабон тариқи Маркази миллии тестӣ ва дигар масъалаҳо таҳлилу баррасӣ шуданд. (далее…)

«УСТОДИ ХУШҚАЛАМ»

   Устоди хушкалам Адибон дар ҳама давру замон ҳамнавову ҳамсадо бо зиндагӣ буданду ҳастанд ва танҳо онҳо қодиранд инсонҳоро дар руҳияи инсондӯстию меҳанпарастӣ, худшиносии миллию ифтихор аз таъриху фарҳанг  тарбия намоянд ва Муҳиддин Хоҷазод, Нависандаи халқии Тоҷикистон бо дарки амиқи ин масъулият дар назди аҳли сухану хонанда солҳост, ки ин бори гарон бар дӯш дорад. Ин нигорандаи беназир дар ин рӯзҳои тирамоҳи зарнисор ба синни мубораки 80 расиданд. Бахшида ба ин дирӯз дар толори Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ маҳфили адабӣ таҳти унвони «Устоди хушқалам» бо иштироки  соҳибҷашн Муҳиддин Хоҷазод, Шаҳрванди фахрии ш.Хуҷанд нигоранда Маъруфи Бобоҷон, рӯзноманигор ва ҳаҷвнигор Дадохони Эгамзод, раиси шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати маҳаллаи Суғдиён Замирахон Деҳқонова ва муҳассилини МТМУ № 11,12 шаҳри Хуҷанд барпо гашт. (далее…)

«ФАРЗОНАХОНӢ» ДАР ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ

   Бар пояи нақша-чорабиниҳои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд дар муассисаҳои таълимии шаҳр бо мақсади машғул намудани хонандагон дар давраи таътили тирамоҳӣ силсилаи чорабиниҳо роҳандозӣ мегардад.

   фаразонхониТавре, ки аз шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, дар давраи таътили тирамоҳӣ, гузаронидани дарсҳо иловагӣ барои хонандагони болаёкат барои омода намудани онҳо ба Олимпиадаҳо, ҷоннок намудани кори маҳфилҳои муассисаҳои таълимӣ ва Маркази таҳсилоти иловагӣ, ташкили экскурсияҳои хонандагони синфҳои болоӣ ба осорхонаҳои ҷумҳуриявии ба номи Бобоҷон Ғафуров, Қасри маданияти Арбоб, Арт Галерияи «Сомониён», Маҷмааи фароғатии «Боғи Камоли Хуҷандӣ»ҷалби хонандагон ба намоишномаҳои Театри давлатии мусиқавӣ ва мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Театри тамошобини наврас ва ғайраҳо пешбинӣ шудааст. (далее…)

МАҲФИЛИ ИДОНА ДАР КӮДАКИСТОН

  Бо мақсади тарғибу ташвиқи ғояҳои миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳии кўдакон ва муаррифии фарҳанги тоҷикона дар кўдакистони рақами 20-и шаҳри Исфара иди Меҳргон бошукўҳ таҷлил карда шуд.

Тарбиятгирандагон бо роҳбарии мураббияҳои худ бахшида ба ин ҷашни аҷдодӣ барномаи идонаро бо номи «Омад хуҷаста Меҳргон!» омода намуда, пешкаши волидайн ва меҳмонони ин чорабинӣ намуданд. (далее…)

БЕҲТАРИНҲО МУАЙЯН ШУДАНД

    Санаи 27 октябри соли 2018 дар Муассисаи таҳсилоти давлатии барои хонандагони болаёқат шаҳри Хуҷанд даври вилоятии фестивал-озмуни «Ҳунарҳои миллӣ» баргузор гардид. Чорабинии мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои вусъати нерӯи эъҷодӣ ва қобилияти кӯдакону наврасон, дарёфти чеҳраҳои нав, овозхонҳо, навозандагон, раққосон, намоиши либосҳои миллӣ, инчунин муҳайё намудани шароити мусоид барои ривоҷу равнақи суннатҳои миллӣ, тарбияи завқи маънавии хонандагон, амиқгардонии нақш ва аҳамияти мавзӯҳои тарбиявӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълон гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» доир гардид. (далее…)