Дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон маросими ҷамъбасти даври вилоятии озмуни «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» доир гардид. Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода зимни маърӯзаи худ таъкид дошт, ки арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони барӯманди миллат, ки умри гаронмояи худро сарфи миллати худ намудаанд, на танҳо сабабгори устувору пойдор гардидани ин ё он миллати алоҳида, балки боиси саодат ва рушду нумӯи тамоми инсоният мегардад. Арбоби намоёни ҳизбию давлатӣ ва олими маъруф Бобоҷон Ғафуров тамоми фаъолияти серсоҳа ва пурсамари давлатӣ, илмӣ ва ҷамъиятиашро ба манфиати Тоҷикистон ва халқҳои гуногунмиллати он зиёда аз ин, барои тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми таракқипарвари ҷаҳон бахшидааст. (далее…)