DSCF7399Дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон маросими ҷамъбасти даври вилоятии озмуни «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» доир гардид. Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода зимни маърӯзаи худ таъкид дошт, ки арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони барӯманди миллат, ки умри гаронмояи худро сарфи миллати худ намудаанд, на танҳо сабабгори устувору пойдор гардидани ин ё он миллати алоҳида, балки боиси саодат ва рушду нумӯи тамоми инсоният мегардад. Арбоби намоёни ҳизбию давлатӣ ва олими маъруф Бобоҷон Ғафуров тамоми фаъолияти серсоҳа ва пурсамари давлатӣ, илмӣ ва ҷамъиятиашро ба манфиати Тоҷикистон ва халқҳои гуногунмиллати он зиёда аз ин, барои тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми таракқипарвари ҷаҳон бахшидааст.DSCF7412Туфайли ҷасорату мардонагии академик Бобоҷон Ғафуров ва чанд тани дигар фарзандони сарсупурдааш асри гузашта ба қарни худшиносию эҳёи давлатдории тоҷикон мубаддал гардид. Аз ин рӯ Раёсати маорифи вилоят тасмим гирифт, ки бо мақсади амиқ омӯхтани таърихи давлату халқи Тоҷикистон тарғибу ташвиқи мероси илмию таърихии академик Б.Ғафуров, пурзӯр намудани тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ афзунгардонии муҳаббати насли наврас, ҷавонон ба Ватану ватандорӣ, бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва арҷгузории ба хидматҳои бузурги Бобоҷон
Ғафуров озмуни вилоятии «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров»- ро ҳар сол доир намояд.
Ҳабибулло Холҷӯраев, доктори илмҳои таърих, профессор, шогирди аллома Бобоҷон Ғафуров аз хотироти давраи ҳамкорӣ бо ин шахсияти таърихӣ ёдовар шуда, афзуд, ки шӯҳрати Бобоҷон Ғафуров, чун таърихнигор, шарқшинос, рӯзноманигор ва адабиётшинос на танҳо дар миқёси собиқ кишвари паҳновари Иттиҳоди шӯравӣ, балки дар Арабу Аҷам боло аст ва мезад, ки барои шинохти ин қаҳрамони миллат чунин чорабиниҳо доир шаванд.
Дар озмуни мазкур аксари хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ширкати фаъолона доштанд. Аз рӯи баҳодидии ҳайати ҳакамон хонадагони навоҳии Масчоҳу Ашт мақоми сеюм, Спитамен ва Ҷаббор Расулов ҷойи дуюм шаҳри Исфараю ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷойи аввалро ишғол намуданд. Диплом ва тӯҳфаҳои хотиравиро Осим Каримзода ва Ҳабибулло
Холҷӯраев дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибон супориданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ шогирдони Мактаби Президентии шаҳри Бӯстон бо барномаи рангини консертӣ хотири аҳли нишастро шод намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ин озмун соли дуюм аст, ки бо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бо дастгирии Раёсати маорифи вилоят доир мегардад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>