МО ВОРИСОНИ АЛЛОМА БОБОҶОН ҒАФУРОВ

DSCF7399Дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон маросими ҷамъбасти даври вилоятии озмуни «Мо ворисони аллома Бобоҷон Ғафуров» доир гардид. Сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода зимни маърӯзаи худ таъкид дошт, ки арҷгузорӣ ва бузургдошти фарзандони барӯманди миллат, ки умри гаронмояи худро сарфи миллати худ намудаанд, на танҳо сабабгори устувору пойдор гардидани ин ё он миллати алоҳида, балки боиси саодат ва рушду нумӯи тамоми инсоният мегардад. Арбоби намоёни ҳизбию давлатӣ ва олими маъруф Бобоҷон Ғафуров тамоми фаъолияти серсоҳа ва пурсамари давлатӣ, илмӣ ва ҷамъиятиашро ба манфиати Тоҷикистон ва халқҳои гуногунмиллати он зиёда аз ин, барои тамоми халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва мардуми таракқипарвари ҷаҳон бахшидааст. (далее…)

ДАВРИ ВИЛОЯТИИ ОЛИМПИАДАИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 11 ОҒОЗ ГАРДИД

    Даври вилоятии олимпиадаи хонандагони синфҳои 11 аз фанҳои таълимӣ оғоз ёфт. Имсол низ ин сабқати донишу маҳорат дар мактаби хонадагони болаёқати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади дарёфт намудаDSCF7427ни толибилмони соҳибистеъдод, афзун намудани майлу рағбати донишандӯзии онҳо, ҷалби хонандагон ба чорабиниҳои илмӣ ва омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои ҷумуриявӣ ва байналмилалӣ доир гардида истодааст. Дар расми ифтитоҳи олимпиада сарвари Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд Дилбар Исмоилова иштирок ва суханронӣ намуд. Масъулин ба ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ шартҳои озмунро фаҳмонида, ба онҳо барору комёбиҳо таманно карданд.
Тибқи низомнома олимпиада аз фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ гузаронида мешавад.
Аз натиҷаҳои олимпиада дар шумораҳои навбатӣ маълумоти муфассал хоҳем дод.