БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ МУҲИМ

ҶАЛАСА

 
20190619_090914Санаи 19. 06.2019 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф баргузор гардид.
Ҷаласа таҳти раёсати мудири шуъбаи Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов баргузор шуда, дар он масъулини соҳа иштирок варзиданд. (далее…)

САБҚАТИ ДОНИШИ ЗЕҲНӢ

      DSCF8129Бори нахуст бо иқдоми Маркази дарёфт ва рушди соҳибистеъдодҳои Раёсати маорифи вилоят дар мактаб – интернати шаҳри Хуҷанд даври вилоятии мусобиқаи шоҳмот баргузор гардид. Дар он 32 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ширкат варзиданд. Ба дониши зеҳнии шоҳмотбозон ҳайати бонуфузи ҳакамон — донандагони хуби бозии шоҳмот ҳакамӣ намуданд.
Байни писарон Шоҳҷаҳон Саидов, хонандаи синфи 6-и МТМУ №11, ноҳияи Ҷаббор Расулов мақоми аввалро касб намуд. Зинаҳои баъдиро Шаҳобиддин Мӯминов, хонандаи синифи 8-и МТМУ №32, шаҳри Исфара, Санҷар Ҳакимов, хонандаи синфи 8-и, Литсейи №1, шаҳри Истаравшан ва Абдураҳмон Тошхӯҷаев, хонандаи синфи 7-и МТМУ№ 5, шаҳри Исфара ишғол намуданд.
Аз байни духтарон ҷойи аввалро Рухшона Саидова, хонандаи синфи 8-и МТМУ №11, ноҳияи Ҷаббор Расулов ба даст овард. Зинаи дуюмро Оисаҷон Миршарофова, хонандаи синфи 9-и МТМУ№ 15, шаҳри Истаравшан, ҷойи сеюмро Шоҳсанам Ҷумъаева, хонандаи синфи 5 –и Гимназияи №5, шаҳри Истаравшан ва мақоми чорумро Озодахон Шарифова, хонандаи синфи 8-и МТМУ№ 18,шаҳри Истаравшан ишғол кард.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят тақдим карда шуд.

Абдусабури Абдуваҳҳоб