МАСЪУЛИЯТИ БЕШТАР МЕБОЯД

    DSCF8950Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки  муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа 10 масъалаи мубрами ҳаёти соҳа, аз ҷумла ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар 9 моҳи соли 2019, пешниҳодҳои Прокуратураи вилоят аз 14.09.2019, №11/93П-19 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда дар фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, аз 07.10.2019, №11/95П-19 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар байни хонандагон, бахусус ҳолатҳои аз тарафи хонандагон идора намудани автомашинаҳо”, аз 21.08.2019, №11/27-289 сод “Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда” рафти аттестатсияи тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Деваштич, рафти фаъолияти раёсату шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019, дохилшавии довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ барои соли таҳсили 2019-2020, вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии  шаҳру ноҳияҳои вилоят, таҳлил ва баррасии рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди гуфтугӯи ҳамаҷониба қарор гирифтанд. (далее…)