DSCF8950Дар маҷлисгоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 16-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки  муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа 10 масъалаи мубрами ҳаёти соҳа, аз ҷумла ҷамъбасти фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар 9 моҳи соли 2019, пешниҳодҳои Прокуратураи вилоят аз 14.09.2019, №11/93П-19 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда дар фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят вобаста ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”, аз 07.10.2019, №11/95П-19 “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткунанда марбут ба пешгирии қонунвайронкуниҳо дар байни хонандагон, бахусус ҳолатҳои аз тарафи хонандагон идора намудани автомашинаҳо”, аз 21.08.2019, №11/27-289 сод “Дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба онҳо мусоидаткарда” рафти аттестатсияи тирамоҳӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, ҷараёни иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014, №295 “Дар бораи Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2014-2020” дар шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Деваштич, рафти фаъолияти раёсату шӯъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо дар ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2019, дохилшавии довталабони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тариқи Маркази миллии тестӣ барои соли таҳсили 2019-2020, вазъи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавони хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсуси омӯзгорӣ ба муассисаҳои таълимии  шаҳру ноҳияҳои вилоят, таҳлил ва баррасии рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 марти соли 2019, №117 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди гуфтугӯи ҳамаҷониба қарор гирифтанд.    DSCF8932Дар маърӯзаи сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода бурду бохти фаъолияти маорифчиён ҳамаҷониба таҳлил гардида, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо дар ҳама самтҳо — сифати кадрии омӯзгорӣ, такмили ихтисоси онҳо, ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ба ҷои корӣ, вазъи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, тақвияти фаъолияти Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳсилоти иловагӣ, технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, таъмини ташкили истироҳати хонандагон дар давраи таътили тирамоҳӣ, пешгирии ҷиноятсодиркунӣ ва худкушӣ байни наврасон, таъмини иҷроиши Барномаҳо оид ба компютеркунонӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва бо нишондиҳандаҳои сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид ба амал оварда шуд. Аз ҷониби мавсуф тозаккур гардид, ки эҳсоси масъулиятшиносӣ дар анҷоми ҳама кор асоси комёбӣ мебошад.
Сардори Раёсати маорифи шаҳри Исфара Бобохон Саидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ Нуриддин Боқиев оид ба фаъолияти маорифчиён, ислоҳи камбудиҳои мавҷуда сухан ронданд. Инчунин вобаста ба таъмини иҷрои вазифаҳо дар соҳа аз мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Ашт, Ҷаббор Расулов пурсиш ба амал оварда шуд.
Дар назди ҳозирин директори Маркази технологияи  информатсионӣ ва  коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Киромуддин Назаров доир ба пешбурди фаъолият, татбиқи навгониҳо дар соҳа андешаронӣ намуд.
Дар хотимаи ҷаласа муовини Раиси вилоят Зайнура Азимӣ оид ба вазифаҳои маорифчиён ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим, таъмини иҷрои дастури ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сухан ронда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки барои афзун намудани дастовардҳо  ҳарчи бештар аз имкониятҳои мусоид истифода баранд.

Хабарнигори “Маорифи Суғд”

 

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>