ОҒОЗИ КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶУМҲУРӢ БАРОИ СОЛИ 2020

  Тибқи банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ дар байни алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Мувофиқи ин фармоиш бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.
Вобаста ба ин дар маҷлисгоҳи Гимназияи №1 -и ба номи Раҳим Ҷалил семинари шиносоӣ ва омӯзишӣ бо иштироки масъулин ҷараён мегирад.
Имрӯз дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҳмонов, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ва Хусрав Азизода иштирок ва баромад намуданд.
Курси мазкур дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ давоми 3 рӯз доир шуда, масъулини ташкилкунадагон  роҷеъ ба хусусияти низоми ИМД ва талаботу қоидаҳои муқарраршудаи марбут ба он, хусусан барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор дарсҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводди тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро омода намудааст.
Ба таблиғгарон маводди ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва модули омӯзишии низоми ИМД, тақсим карда мешавад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

БОЗЁФТИ “БОЗЁФТ — 2019″

бозёфт2 Дар озмуни телевизионии ихтироъкорони ҷавон “БОЗЁФТ — 2019”, ки ба ифтихори ҷашни умумимиллии 30- солагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шабакаи телевизионии “Баҳористон” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,
Раҳимҷон Ҳакимов хонандаи синфи 11, литсейи физикӣ-математикии №1-и  шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо муаррифӣ намудани лоиҳаи худ таҳти унвони “Гармхонаи боақл” сазовори ҷои аввал гашт. Дар ин озмун тамоми ихтироъкорони наврасу ҷавони мамлакат, аз ҷумла аз вилояти Суғд 8 нафар хонандагон иштироки фаъолона намуданд.
Раҳимҷон Ҳакимов, хонандаи синфи 11, литсейи физикӣ-математикии №1, шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буда, лоиҳаи худ “Гармхонаи боақл”-ро бо ҳамсабақони худ Абдушариф Абдурафиқӣ ва Муҳаммадаюбҷон Умаров таҳти роҳбарии омӯзгори литсей Ҳусейнҷон Очилов ихтироъ кардаанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки лоиҳаи “Гармхонаи боақл” — бо технологияи навин ба роҳ монда шудааст, ки мувофиқи лоиҳа гармхонаро тавассути барномаи телефони мобилӣ ва тариқи худкор идора карда мешавад.
бозёфт“Гармхонаи боақл” вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: Ба таври автоматӣ ҳисобнамоии ҳарорат; ташкили рӯшноии сунъӣ дар вақти зарурӣ; ба таври автоматӣ обёрикунӣ; ташкили автоматии борони сунъӣ; тавассути телефони мобилӣ идоракунии таҷҳизотҳои гармхона ва ғайраҳо. Лоиҳаи мазкурро метавон дар соҳаи кишоварзии мамлакат ба тариқи густурда ҷорӣ намуд, ки аз нигоҳи манфиатнокӣ муфид аст. Ба ғолиби озмун диплом, нишони озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилкунандагони такдим карда шуд.