НАТИҶАБАРДОРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТӢ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

   DSCF9158Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки сарварони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят ҷалсаи навбатӣ доир гардид.
Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов дар ин бора гузориш дода, зикр дошт, ки дар баробари пешравиҳо ҳанӯз дар соҳа камбудиҳо ба мушоҳида мерасанд, ки иҷрои саривақтии он боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия мегардад. Сарварони хадамотҳои шаҳру навоҳии Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, Ашт ва Масчоҳ доир ба фаъолияти кориашон маълумот доданд.
DSCF9173Сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев аз натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол, натиҷаи рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо гузориш дод.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов зимни ҷамъбасти ҷаласа аз роҳбарони Хадамотҳои шаҳру навоҳии вилоят даъват ба амал овард, ки дар робита бо мудирони методкабинетҳо бештар аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дидан намоянд, барои беҳтаршавии фаъолият дастурҳо диҳанд.

ВОЛЕЙБОЛБОЗОНИ БЕҲТАРИНИ ВИЛОЯТ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

    82031360_1075283869492321_5758505091766157312_nДар давраи таътили зимистона бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар толори варзишии «Чемпион» — и ноҳияи Ҷаббор Расулов даври вилоятии озмуни «Волейболбозони беҳтарин» байни хонандагони синфхои 9-11  баргузор гардид.
Мусобиқа тайи се рӯз дар сатҳи баланд доир гардида, 10 даста аз шаҳру навоҳии вилоят барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ саъю талош варзиданд.  Дастаи  хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов туфайли маҳорати баланди варзишӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд. Зинаҳои баъдиро  дастаҳои хонандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Деваштич  ишғол намуданд.
Ғолибон бо Диплому Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ  шуданд. (далее…)

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

81934373_1075284249492283_6876760609656930304_nБо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят 10 январи соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, ноҳияи Ҷаббор Расулов байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ даври вилоятии озмуни «Шоҳмотбози бехтарин» баргузор гардид.
Дар озмун аъзои 14 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти озмун ҷойи аввал насиби дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов гардид.  Ҷойи дуввуму сеюмро дастаҳои шахри Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров касб намуданд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол Диплому Сипоснома ва тухфахои хотиравӣ супорида шуданд.

МАН — МУҲОФИЗИ ВАТАН

    82140661_1075293412824700_1617094103642669056_nБо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ ва дӯст доштани марзу буми кишвар бори аввал бо иқдоми  Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар ҳамкорӣ  бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон ва ҷомеа» аз 3 то 7 январи соли равон дар Муассисаи давлатии “Истироҳатгоҳи кӯдакон ва наврасони ба номи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи лоиҳаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лагери ҳарбӣ — ватандӯстӣ таҳти унвони «Ман — муҳофизи Ватан» ташкил ва баргузор карда шуд.
Таи 5 рӯз хонандагони фаъолу аз лиҳози ҷисмонӣ пурқуввати муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони синни даъватӣ ба машқҳои низомӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои ҳарбӣ — варзишӣ ҷалб гардиданд. Ба хонандагон мутахассисони варзидаи соҳа машғулият гузарониданд.

ДИЛАФРӮЗ КАРИМОВА БЕҲТАРИН ОМӮЗГОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2019 ЭЪЛОН ГАРДИД

дилноза Умарзода  Омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Умарзода  бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд.
Озмуни мазкур тайи се рӯз идома дошта, дар он панҷ нафар довталабон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Омӯзгори фанни физикаи Мактаб–интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Ризоалӣ Мамадназарбеков соҳиби 177 хол, омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни таърихи Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе Саидкарим Раҳимов соҳиби 193 хол ва омӯзгори фанни ҳуқуқи Литсейи ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова соҳиби 204 хол гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолиб ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои рамзӣ, маблағ, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои истироҳату табобат супорида шуданд.