Мақсад — таҳкими ҳисси ватандӯстӣ

    IMG_20200220_113045_1Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳисси ватандӯстӣ дар байни хонандагон, таҳкими ғояҳои дӯстӣ, ташвиқоти хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшида ба 27 – солагии  Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 20 – солагии таъсисёбии Созмони хонандагон ва ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3501 – и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон даври вилоятии  озмуни ҳарбӣ — варзишии «Ватанпарвар» баргузор гардид.
Дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода афсарони аскарони қисми ҳарбии мазкур ва иштирокдорони озмунро ба ифтихори солгарди таъсисёбии Артиши миллии кишвар табрик намуда, таъкид дошт, ки баргузории чунин озмунҳо барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии ҷавонон таккони ҷиддие мебахшад.
IMG-1b82514688230991e967b888c322adde-V   Дар озмун ғолибони даври минтақавӣ — дастаҳои хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Истаравшан, Деваштич, Конибодом ва Хуҷанд ширкат варзида, аз рӯйи 5 бахш — машқҳои сафороӣ, тарбияи ҷисмонӣ, мудофиаи шаҳрвандӣ, омодагии дифои ҳарбӣ, таҳияи варақаи ҳарбӣ – ватанпарастӣ бо ҳам мусобиқа намуданд.
Дар ҷамъбасти натиҷаҳои озмун ҷойи аввал насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гардид. Ҷойи дуюмро дастаи шаҳри Конибодом ишғол намуд ва мақоми сеюм ба дастаи шаҳри Истаравшан дода шуд. Дастаҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Деваштич барои ширкати фаъолона бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Тазаккур бояд дод, ки озмуни мазкур тибқи фармоиши сардори Раёсати маорифи вилоят аз 27.01.2020, №24 дар се давр — шаҳрӣ (ноҳиявӣ), минтақавӣ ва вилоятӣ ташкилу баргузор гардид.
Ғолибони озмун моҳи июн вилояти Суғдро дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҳарбӣ — варзишии «Ватанпарвар» намояндагӣ мекунанд.

Шӯҳратҷон АЗИЗОВ,
мутахассиси пешбари Раёсати маорифи вилояти Суғд