ОҒОЗИ КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶУМҲУРӢ БАРОИ СОЛИ 2020

  Тибқи банди 59-уми “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ шудааст, бо мақсади омода намудани таблиғгарон барои роҳандозии корҳои иттилоърасонӣ дар байни алоқамандони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (минбаъд – ИМД) фармоиши директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида буд. Мувофиқи ин фармоиш бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми ИМД ва омодасозии онҳо барои сари вақт шинос намудани ҷомеа, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо ин низом курси шиносоӣ дар се сатҳ: ҷумҳуриявӣ, шаҳрию ноҳиявӣ ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мегардад.
Вобаста ба ин дар маҷлисгоҳи Гимназияи №1 -и ба номи Раҳим Ҷалил семинари шиносоӣ ва омӯзишӣ бо иштироки масъулин ҷараён мегирад.
Имрӯз дар расми ифтитоҳи чорабинии мазкур муовини директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Раҳмонов, сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ва Хусрав Азизода иштирок ва баромад намуданд.
Курси мазкур дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ давоми 3 рӯз доир шуда, масъулини ташкилкунадагон  роҷеъ ба хусусияти низоми ИМД ва талаботу қоидаҳои муқарраршудаи марбут ба он, хусусан барои бақайдгирии довталабон ва мавзӯъҳои дигари дахлдор дарсҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шарҳу тафсили мавзӯъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърӯзаҳои хурд, маводди тақсимотии чопию электронӣ ва ғайраро омода намудааст.
Ба таблиғгарон маводди ёрирасони иттилоотӣ ва омӯзишӣ, аз ҷумла дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” ва модули омӯзишии низоми ИМД, тақсим карда мешавад.

Абдусабури Абдуваҳҳоб

БОЗЁФТИ “БОЗЁФТ — 2019″

бозёфт2 Дар озмуни телевизионии ихтироъкорони ҷавон “БОЗЁФТ — 2019”, ки ба ифтихори ҷашни умумимиллии 30- солагии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шабакаи телевизионии “Баҳористон” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид,
Раҳимҷон Ҳакимов хонандаи синфи 11, литсейи физикӣ-математикии №1-и  шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ бо муаррифӣ намудани лоиҳаи худ таҳти унвони “Гармхонаи боақл” сазовори ҷои аввал гашт. Дар ин озмун тамоми ихтироъкорони наврасу ҷавони мамлакат, аз ҷумла аз вилояти Суғд 8 нафар хонандагон иштироки фаъолона намуданд.
Раҳимҷон Ҳакимов, хонандаи синфи 11, литсейи физикӣ-математикии №1, шаҳри Хуҷанд ба номи академик Муҳаммад Осимӣ буда, лоиҳаи худ “Гармхонаи боақл”-ро бо ҳамсабақони худ Абдушариф Абдурафиқӣ ва Муҳаммадаюбҷон Умаров таҳти роҳбарии омӯзгори литсей Ҳусейнҷон Очилов ихтироъ кардаанд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки лоиҳаи “Гармхонаи боақл” — бо технологияи навин ба роҳ монда шудааст, ки мувофиқи лоиҳа гармхонаро тавассути барномаи телефони мобилӣ ва тариқи худкор идора карда мешавад.
бозёфт“Гармхонаи боақл” вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: Ба таври автоматӣ ҳисобнамоии ҳарорат; ташкили рӯшноии сунъӣ дар вақти зарурӣ; ба таври автоматӣ обёрикунӣ; ташкили автоматии борони сунъӣ; тавассути телефони мобилӣ идоракунии таҷҳизотҳои гармхона ва ғайраҳо. Лоиҳаи мазкурро метавон дар соҳаи кишоварзии мамлакат ба тариқи густурда ҷорӣ намуд, ки аз нигоҳи манфиатнокӣ муфид аст. Ба ғолиби озмун диплом, нишони озмун ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби ташкилкунандагони такдим карда шуд.

НАТИҶАБАРДОРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОЛОНАИ ХАДАМОТИ ДАВЛАТӢ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ

   DSCF9158Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти шуъбаи вилоятӣ ва бахшҳои шаҳриву ноҳиявии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 дар маҷлисгоҳи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки сарварони бахшҳои Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи шаҳру навоҳии вилоят ҷалсаи навбатӣ доир гардид.
Сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Абдураҳим Қурбонов дар ин бора гузориш дода, зикр дошт, ки дар баробари пешравиҳо ҳанӯз дар соҳа камбудиҳо ба мушоҳида мерасанд, ки иҷрои саривақтии он боиси боз ҳам баланд гардидани сатҳи таълиму тарбия мегардад. Сарварони хадамотҳои шаҳру навоҳии Конибодом, Панҷакент, Хуҷанд, Ашт ва Масчоҳ доир ба фаъолияти кориашон маълумот доданд.
DSCF9173Сармутахассиси Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи вилоят Баҳоваддин Хоҷаев аз натиҷаи санҷиши сатҳи сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истиқлол, натиҷаи рафти иҷрои қарорҳои Шӯрои шуъбаи вилоятии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо гузориш дод.
Муовини сардори Раёсати маорифи вилоят Сайфулло Раҳматов зимни ҷамъбасти ҷаласа аз роҳбарони Хадамотҳои шаҳру навоҳии вилоят даъват ба амал овард, ки дар робита бо мудирони методкабинетҳо бештар аз раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ дидан намоянд, барои беҳтаршавии фаъолият дастурҳо диҳанд.

ВОЛЕЙБОЛБОЗОНИ БЕҲТАРИНИ ВИЛОЯТ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

    82031360_1075283869492321_5758505091766157312_nДар давраи таътили зимистона бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар толори варзишии «Чемпион» — и ноҳияи Ҷаббор Расулов даври вилоятии озмуни «Волейболбозони беҳтарин» байни хонандагони синфхои 9-11  баргузор гардид.
Мусобиқа тайи се рӯз дар сатҳи баланд доир гардида, 10 даста аз шаҳру навоҳии вилоят барои ба даст овардани мақомҳои ифтихорӣ саъю талош варзиданд.  Дастаи  хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов туфайли маҳорати баланди варзишӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд. Зинаҳои баъдиро  дастаҳои хонандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, шаҳри Конибодом ва ноҳияи Деваштич  ишғол намуданд.
Ғолибон бо Диплому Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ  шуданд. (далее…)

ҒОЛИБОН МУАЙЯН ГАРДИДАНД

81934373_1075284249492283_6876760609656930304_nБо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилоят 10 январи соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, ноҳияи Ҷаббор Расулов байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ даври вилоятии озмуни «Шоҳмотбози бехтарин» баргузор гардид.
Дар озмун аъзои 14 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти озмун ҷойи аввал насиби дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷаббор Расулов гардид.  Ҷойи дуввуму сеюмро дастаҳои шахри Конибодом ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров касб намуданд.
Ба ғолибон ва иштирокчиёни фаъол Диплому Сипоснома ва тухфахои хотиравӣ супорида шуданд.

МАН — МУҲОФИЗИ ВАТАН

    82140661_1075293412824700_1617094103642669056_nБо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандорӣ ва дӯст доштани марзу буми кишвар бори аввал бо иқдоми  Маркази таҳсилоти иловагии вилоят дар ҳамкорӣ  бо Ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонон ва ҷомеа» аз 3 то 7 январи соли равон дар Муассисаи давлатии “Истироҳатгоҳи кӯдакон ва наврасони ба номи 20- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар доираи лоиҳаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лагери ҳарбӣ — ватандӯстӣ таҳти унвони «Ман — муҳофизи Ватан» ташкил ва баргузор карда шуд.
Таи 5 рӯз хонандагони фаъолу аз лиҳози ҷисмонӣ пурқуввати муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонони синни даъватӣ ба машқҳои низомӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва чорабиниҳои ҳарбӣ — варзишӣ ҷалб гардиданд. Ба хонандагон мутахассисони варзидаи соҳа машғулият гузарониданд.

ДИЛАФРӮЗ КАРИМОВА БЕҲТАРИН ОМӮЗГОРИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2019 ЭЪЛОН ГАРДИД

дилноза Умарзода  Омӯзгори фанни забони англисии Литсейи математикии №1-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Умарзода  бо гирифтани 205 хол ғолиби озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2019» дониста шуд.
Озмуни мазкур тайи се рӯз идома дошта, дар он панҷ нафар довталабон аз ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳрҳои Душанбе ва Ваҳдат аз рӯйи 7 шарт байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Омӯзгори фанни физикаи Мактаб–интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Ризоалӣ Мамадназарбеков соҳиби 177 хол, омӯзгори фанни географияи мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода, омӯзгори фанни таърихи Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе Саидкарим Раҳимов соҳиби 193 хол ва омӯзгори фанни ҳуқуқи Литсейи ба номи Т.Собирови шаҳри Ваҳдат Ҳабиба Соҳибова соҳиби 204 хол гардиданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ ба ғолиб ва иштирокчиёни озмун туҳфаҳои рамзӣ, маблағ, нишони «Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», дипломи Вазорати маориф ва илм, ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илм ва роҳхат ба осоишгоҳу истироҳатгоҳҳо барои истироҳату табобат супорида шуданд.

ПАЁМ ВА МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАИ МАОРИФ

IMG_6058Ҳамасола бо мароми неки созанда ва ғояҳои наву тоза ба кулли мардуми кишвар ироа гардидани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар як шаҳрванди ватандӯсту ватанпарварро болидахотиру ифтихорманд месозад. Болидахотир аз имрӯзи ободу осоишта, мароми неку ниятҳои хайр ва омоли созанда ба хотири беҳдошти зиндагии мардум, осудагии ҷомеа ва ободии кишвари азизамон Тоҷикистон, ифтихорманд аз андешаи миллӣ ва ғояи абадзиндаи башардӯстиву некмаҳзарӣ! (далее…)

РОЗИЯ НУРМАТОВА — ҒОЛИБИ ОЗМУНИ “МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН — 2019”

   мураббияи соли 2019Бо мақсади дарёфти мураббиёни боистеъдод, навовар ва эҷодкор, дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии онҳо, ташаккули қобилияти мураббиён ва фаъолияти эҷодӣ дар шароити муосир, такмили донишу маҳорати  касбӣ ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, қадрдонии меҳнати пурсамари мураббӣ ва баланд бардоштани мақому манзалати мураббиён ҳамасола дар сатҳи ҷумҳуриявӣ озмуни “Мураббии сол” доир мегардад.
Давоми ду рӯз дар толори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур баргузор гардида, ҳайати ҳакамон бо роҳбарии муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Назирӣ ба дониш ва малакаи иштирокчиён баҳои сазовор доданд.
image-0-02-0a-e7c0dbf62dcbeadf9b938470ceb37b22e0bed2a1dc81405da3e4d19731dffc31-VРозия Нурматова, мураббияи муассисаи томактабии №15-и шаҳри Конибодом аз миёни 5 нафар ғолибони даври минтақавӣ дар иҷрои шартҳои муаррифинома, мизи мудаввар маҳорати баланд нишон дода, ғолиби озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон — 2019” гардид.
Ба ғолибони соҳибони мақоми ифтихорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоиза ва тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.
Абдусабур Абдуваҳҳобов

МАҚСАД: БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲ ВА СИФАТИ ТАЪЛИМ

  DSCF9140 Бо натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи маорифчиёни вилоят субҳи имрӯз дар Коллеҷи техникии шаҳри Хуҷанд бо иштироки муовинони раисони шаҳру навоҳӣ, сардорони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маориф, кормандони дастгоҳи Раёсати маориф ва роҳбарони муассисаҳои зертобеи он ҷаласаи ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят баргузор гардид.
Ҷаласа бо сухани ифтитоҳии сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода оғоз гардида, мавсуф оид ба натиҷаҳои фаъолияти Раёсати маорифи вилоят дар соли 2019 ва вазифаҳо барои соли 2020 муфассал гузориш дод. Таъкид шуд, ки соли сипаригардида 220 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят ғолиби олимпиадаҳои байналмилалӣ гардиданд, ки аз самараи кори устодон дарак медиҳад. Бо роҳнамоии Пешвои муаззами миллат ва бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  дар вилоят баробари роҳандозии азнавсозӣ ва таъмиру тармими бинои 46 муассисаҳои таълимии садамавӣ соли равон  37 иншооти соҳаи маориф бо 4 ҳазору 761 ҷойи нишаст, аз он ҷумла  98 синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ бо 2 ҳазору 826 ҷойи нишаст дар шаҳру навоҳии вилоят ба истифода дода шуданд. Баробари ин, аз 228 муассисаҳои таъмирталаб то ҳол 115 муассисаҳои таълимӣ аз таъмири куллӣ бароварда шуда, дар 60 муассиса корҳои таъмирӣ давом доранд.
Дар идомаи кори ҷаласа аъзоёни Шӯрои машваратӣ нақшаи кории Раёсати маорифи вилоят барои нимсолаи аввали соли 2020- ро тасдиқ намуданд.
DSCF9129Дар бораи  пешниҳодҳои Прокуратураи вилояти “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда, вобаста ба ҳолати иҷрои қонунгузорӣ дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020, “Оид ба бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба он мусоидаткарда дар фаъолияти муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят оид ба ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия”,  натиҷаҳои рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои аз аттестатсия гузаронидани кормандони шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, томактабӣ ва таҳсилоти иловагии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Истиқлол сармутахассиси шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ Бахтиёр Сарҳадов ва мудири шуъбаи омор, ояндабинӣ ва банақшагирии Раёсат Раҳмаҷон Зокиров гузориш доданд. Натиҷаҳои аттестатсияи гимназияи №6-и ноҳияи Ашт, аккредитатсияи давлатии гимназияи №1-и ноҳияи Деваштич дар баромади сардори шуъбаи  Хадамоти назорат дар соҳаи маориф дар вилоят  Абдураҳим Қурбонов мавриди таҳлил қарор ёфтанд.
Аз ҷараёни санҷиши вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳри Бӯстон ва ноҳияи Б.Ғафуров, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.11.2017, №544 «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят, рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар муассисаҳои таълимии вилоят мутахассиси пешбари шуъбаи муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ  Гулсарахон Тошматова ва  сармутахассиси шуъба Дилрабо  Сатторова  маълумот доданд.
Доир ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020” дар муассисаҳои таълимии вилоят директори маркази технологии иттилоотӣ — коммуникатсионӣ Юсуфҷон Домуллоҷонов гузориш дод.
Осим Каримзода  дар ҷамъбасти ҷаласаи ҳайати мушовара ҷиҳати баргардонидани кӯдакистонҳои тобеи ташкилоту корхонаҳо  тибқи талаботи Барномаи давлатии  рушди соҳаи томактабӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷавӣ ва ғайрибуҷавӣ,  пешгирӣ ва бартараф сохтани ҳолатҳои коррупсионӣ, таъмини иҷрои ҳамаҷиҳатаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020”, таъмиру тармими биноҳои садамавӣ, бунёди мактабу синфхонаҳои иловагӣ бо ҷалби соҳибкорон, кумитаи падару модарон, саховатмандон ва сармоягузорон, фаъолияти босамари маҳфилҳои омӯзишӣ, беҳтар намудани вазъи лагерҳои беруназмактабӣ, ташкили Марказҳои инкишофи кудак барои омодагӣ ба мактаб, омодагии иншоотҳои ҷашнӣ дастуру супоришҳо дод.
Бо қабули қарорҳои дахлдор чорабинӣ хотима пазируфт.