ВОВАЙЛОГӮИҲОИ БЕБУНЁД ВА Ё БЕИҚБОЛИИ МУҲАММАДИҚБОЛ

      Дар тӯли таърих миллати тоҷик борҳо шоҳиди тохтутоз ва хунхориҳои аҷнабиён гардида, фаротар аз он хиёнату дассисаҳои нафарони дурӯя ва чоплусу худхоҳро дар мағзи устухони худ эҳсос кардааст. Маҳз ҳамин носипосон, ватанфурӯшони майдонғариб буданд, ки дар баробари қаҳрамониҳои фарзандони далеру шуҷоъ лагандбардориву чоплусӣ намуда, марзу буми кишварро барои ҳифзи ҷону моли худ фурӯхтанд. Аҷдодони ин касифон то имрӯз хиёнатро бар ин миллат раво дида, бо баҳонаҳои гуногун, ки ҷавҳараш дассисаву бӯҳтон, нодидагириву бахилӣ аст, раво мебинанд. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ҳар қадар таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ наздиктар шавад, хоинони миллат ҳамон қадар “мурдаву зинда” мешаванд. Ин нотавонбинон шодиву нишот, ободии макон, пешрафт ва шукуфоии кишварро дида наметавонанд. Гузашта аз ин, ба ақсои олам тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ҷор мезананд, ки ин сана аз хотироти таърихии миллат кӯр карда шавад, зеро бандҳои Созишнома аз ҷониби Ҳукумати кунунӣ иҷро нашуд. “Равшандилон ва миллатдӯстон” дар симои Кабириву Муҳаммадиқболи Садриддин сухан аз кадом банди Созишнома мегӯянд, худ намедонанд.  Бале, шумоён дар назар доред, тақсимоти 30 фоизаро. Аммо, касе аз Шумоён иқрор намешаванд, ки кадрҳои интихобкардаатон ба ҷузъ аз қориазёдкардани “Қуръон” дигар дар умури давлатдорӣ ба ягон чиз сарфаҳм нарафтанд. Дар натиҷа давраи роҳбариашон дер напоид, аксарияташон шармандавор маснадҳои худро тарк карданд. (далее…)

ТАҚВИЯТИ ДОНИШИ МУҲАССИЛИН ДАР ДАВРАИ ТАЪТИЛ

   1Конференсияи навбатии  Марказҳои технологияи иттилоотии назди раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии вилоят, ки бо иқдоми Маркази технология ва иттилоти назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ин дафъа масъалаи баланд бардоштани дониши хонандагонро тавассути дарсҳои онлайни мавриди баррасӣ қарор дод. Ба роҳбарону масъулони Марказҳо  директори Муассисаи давлатии маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров К роҳҳои тақвият бахшидани дониши хонандагонро тавассути видеомашғулиятҳо фаҳмонида, баён дошт, ки самаранок истифода бурдани шабакаи байналмилалии интернет ва дар хазинаи электронӣ ҷо намудани машғулиятҳои навоваронаи устодон аз аҳамият холӣ нест. Бояд кормандони Маркази ТИК дар ҳамоҷоягӣ бо омӯзгорони  фанни технологияи иттилоотӣ роҳҳои самаранок дар зеҳну хотироти хонандагон ҷо гирифтани донишро ҷӯё бошанд.
Зимни онлайн конференсия иштирокдорон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.

КИТОБХОНӢ, ДАР ЗИНДАГӢ ДАР НАМЕМОНӢ

3Таътили тобистонаи кӯдакон бинобар хуруҷи бемории коронвирус барвақтар оғоз шуда, хонандагонро ба он водор намуд, ки бештар дар хона ба волидон кӯмак намоянд. Аз сӯи дигар фурсати муносибе барои андӯхтани дониш ва васеъ намудани маънавиёти хонандагон гардид. Дар қатори дигар толибилмони кишвар хонандагони синфи 3-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, шаҳри Гулистон таътили тобистонаи худро бо мутоилаи китобҳои бадеиву шеърҳо хушу хотирмон мегузаронанд.  Омӯзгорон сари чанд вақт ба хонаи шогирдон рафта, аз машғулияти онҳо бохабар мешаванд. Маъмурияти мактаб иқдом гирифтааст, ки беҳтарин китобхонҳоро дар оғози соли нави хониш бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ намоянд. Ин тадбир барои иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” заминаи хубе хоҳад буд.