Ҷаласаи Раёсати маорифи вилоят тариқи онлайн тавассути шабакаи интернетӣ доир шуда, дар он сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода оид ба масъалаҳои пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус дар муассисаҳои таълимӣ, раванди ҷамъбасти соли таҳсил, аттестатсияҳои хатми синфҳои 9 ва 11, пардохти музди меҳнат ва рухсатиҳои омӯзгорон, аз ҷумла, дар муассисаҳои таълимии хусусӣ, омодагии иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдат, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони соли 2020 — 2021, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва омодагӣ ба мавсими соли нави хониш, иҷрои Барномаҳои давлатии компютеркунонӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ, таъминоти кадрӣ ва ҳозиршавии мутахассисони ҷавон, таъмини китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва дархости воқеӣ, омодагии урдугоҳҳо ба мавсими нави истироҳату фароғати хонандагон аз сардорони раёсатҳои маориф ва мудирони шуъбаҳои шаҳру навоҳии вилоят пурсиш ба амал овард. (далее…)