ДАСТОВАРДРО АФЗУН МЕБОЯД

    Дар толори маҷлисгоҳи Гимназияи рақами 1-и ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд  ҷаласаи навбатии  ҳайати мушовараи Раёсати маорифи вилоят бо иштироки сарварони раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони зерсохторҳои назди Раёсати маорифи вилоят доир гардид.
изображение_viber_2021-04-22_17-31-31Ҷаласаро сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ифтитоҳ бахшида, иштирокдоронро бо рӯзномаи кории ҷаласа ошно намуд. Мавсуф фаъолияти семоҳаи маорифчиёнро мавриди таҳлил қарор дода, қайд намуд, ки ҷомеаи меҳнатии маорифчиёни вилоят  ҳанӯз таҳти таассуроти баланд аз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд қарор дошта, тибқи дастуру ҳидоятҳояшон ҷиҳати истиқболи сазовори 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.
IMG_9778Дар идомаи кори ҷаласаи мушовара   оид ба санҷиши таъмини иҷрои «Барномаи маҳаллии маҷмӯии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар вилоят барои солҳои 2017-2021» ва омӯзиши фанни омодагии дифои ҳарбӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Мастчоҳ ва Бӯстон,  санҷиши рафти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021» дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои  Бӯстон, Мастчоҳ ва Зафаробод, оид ба рӯзҳои Раёсати маорифи вилоят, санҷиши сатҳу сифати таҳсилот ва татбиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 05.02.2020, №АП-1339 доир ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ сармутахассисони  Раёсати маорифи вилоят  Мирҷумъа Бобозода,  Шуҳрат Сатторов ва Абдураҳим Қурбонов гузориш доданд.
IMG_9797Дар бораи фаъолияти созмони хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Конибодом, Деваштич гузориши Фирдавс Ашурматов, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилоят шунида шуд.
Корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Васлибек Назриён оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои ба ҳолатҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда дар соҳаи маориф  маълумот дод.
Дар хотимаи ҷаласа сардори Раёсати маорифи вилоят Осим Каримзода ҷиҳати баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълиму тарбияи насли наврас, тақвияти фаъолият дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сухан ронда, аз масъулин даъват ба амал овард, ки барои афзун намудани дастовардҳо  ҳарчи бештар аз имкониятҳои  мусоид истифода баранд.