Шиносоии мактабиён аз қисми ҳарбӣ.

     278571282_360898812750508_2603647730108430446_n Бо мақсади баланд бардоштани эҳсос ва ҳувияти  ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ,  хамкори муассисахои таълими шахри Гулистон бо қисмҳои низоми дар худуди шахрбуда,  санаи 25-уми апрели соли 2022 дар қисми ҳарбии кумитаи амнияти миллии  «Рӯзи дарҳои кушод»    ташкил ва гузаронида шуд.
      Дар ин чорабинӣ беш аз 50- нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии №6,10,15 -и  шаҳри Гулистон  иштирок намуда, бо шароити будубош ва хизмати аскарон, инчунин бо яроқу аслиҳа ва мошинҳои ҳарбӣ шинос шуданд.278568874_360898566083866_7619487099316243866_n

(далее…)

Семинари муфид.

    278443133_359565739550482_8144216442045292067_n  Чаҳор сол инҷониб бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва соли дуввум аст, ки озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор мегардад.
Дар ҳар соли баргузории ин озмун дар Низомномаи ин озмунҳо тағйиротҳо ба назар мерасанд.  Бо ибтикори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки намояндагони онҳо, дар Гимназияи №1 шаҳри Хуҷанд семинар-машварати дастурдиҳӣ оид ба раванди ташкилӣ, баргузорӣ  ва тағйиротҳои озмунҳои мазкур бо иштироки ҳайати комиссия ва ҳакамони озмун аз шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

(далее…)

1 2