*Ҷашн муборак<

                     Муҳтарам  Моҳира Абдуаҳадовна,                                                                         

      Бо самимияти афзун Шумо ва дар шахси Шумо ҷомеаи устодону муҳассилини Литсейи физикӣ — математикии №1 ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳри Хуҷандро ба муносибати ҷашни  30 – солагии  таъсиси маъвои бонуфузи илму маърифат сидқан табрику таҳният мегӯям.
Ҷашни ин боргоҳи илму маърифат ҷашни аҳли зиёи вилоят аст. Зеро ин махзани маърифат аз меваҳои шаҳдбори даврони соҳибистиқлолии кишвар буда, дар рушду нумӯи соҳаи маориф сазоворона саҳм гирифта меояд. Ин махзани илму маърифат аз рӯзҳои нахустини фаъолият дар таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардида, аз зумраи беҳтарин муассисаҳои таълимӣ шинохта шудааст. Боиси ифтихору сарфарозии омӯзгорону хонандагони литсей аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни  суханрониашон дар маросими ифтитоҳи бинои Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон нақши ин маъвои маърифатро бобати саводу маърифати баланд, ҷаҳонбинии васеъ, дастовардҳои хонандагон дар олимпиадаҳои бонуфузи байналхалқию ҷумҳуриявӣ алоҳида таъкид доштаанд. Дар партави ин баҳои арзандаи Пешвои муаззами миллат хонандагони литсей мунтазам дар  озмуну олимпиадаҳои фаннии шаҳриву вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ шуҳрати боргоҳи маърифатро пайваста баланд мебардоранд.

     Ба Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ  сазовор гардидани устодони дабистон  Ҳусейн Ачилов ва Шаҳло Ҳошимова ба Ҷоизаи Раиси вилоят , ба дарёфти унвони ифтихории “Муаллими соли Тоҷикистон — 2019” мушарраф шудани омӯзгори фанни забони англисӣ Дилафрӯз Умарзода далели раднопазири дастовардҳои назарраси ҷомеаи меҳнатӣ маҳсуб меёбад.

          Шогирдону омӯзгорони арҷманд,  соҳибҷашнҳои гиромӣ!

        Бо камоли эҳтиром ва садоқати бепоён Шумоёнро аз номи кулли маорифчиёни вилоят бо ҷашни саиду фархунда – 30-умин солгарди таъсисёбии махзани илму маърифат табрику таҳният гуфта, дар ин рӯзи пурнишот ва ҳама рӯз бароятон дар тарбияи арзандаи насли ҷавони кишвари маҳбуб  равнақу барорҳо орзу менамоям.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>