Смегулянка9 миллион тамошобин, 120 ҳазор «класс” ва 6500 бознашр дар ҳамагӣ як ҳафта! То ҳол ягон клипи тоҷикӣ дар Интернет мисли намоҳанг (видеоклип)-и таронаи машҳури «Смуглянка” дар иҷрои кӯдакони тоҷик аз боғчаи бачагони «Гулшан” аз ноҳияи Ҷаббор Расулов ин қадар шӯҳрати бузург ба даст наоварда буд!

Намоҳанг (видеоклип)-и таронаи машҳури солҳои Ҷанги ватанӣ бо номи «Смуглянка” дар иҷрои кӯдакони тоҷик аз боғчаи кӯдакони рақами 6-ум «Гулшан” аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд ба фатҳи рекордҳои навбанав дар Интернет идома медиҳад.

Ин таронаро шабакаи маҳаллаи телевизионии «Ғӯлакандоз” ба муносибати солгарди 73-юми пирӯзӣ дар Ҷанги бузурги ватанӣ ва ба ёди Хори машҳури ба номи Александр бо ҷалби кӯдакон аз боғчаи кӯдакони рақами 6-ум «Гулшан” аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд сабт ва рӯзи 2 май дар Интернет нашр кард.

Дар байни ҳамагӣ як ҳафта ва танҳо дар як саҳифа дар шабакаи «Одноклассники” намоҳанги таронаи «Смуглянка”-ро қариб 9 миллион нафар тамошо карда, 120 ҳазор нафар зери он тугмаи «класс”-ро пахш ва 6500 тани дигар овозхонии кӯдакони тоҷикро бознашр кардаанд! Ҳамзамон 220 ҳазор нафари дигар «Смуглянка” дар иҷрои кӯдакони тоҷикро дар канали ТВ Ғӯлакандоз дар сомонаи Ютуб тамошо кардаанд.

То кунун ба ягон овозхони тоҷик, ҳатто ба ситораҳои рақами яки эстрадаи тоҷик муяссар нашуда буд, ки дар чунин муддати кӯтоҳ чунин шумораи бузурги тамошобинонро дар Интернет ба даст биоранд.

Бознашр аз сомонаи “Ахбор. сом ”

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>