Бори аввал дар вилояти Суғд ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ бо мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми то 15 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хонандагони синфи 9-и Литсейи хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Мирзоалиев Шаҳром, Сафаров Исмоилҷон ва Муродов Баҳром аз фанни технологияи иттилоотӣ дар олимпиадаи байналмилалии “Информатрикс” дар шаҳри Бухарести кишвари Руминия ҷойи дуюмро ба даст оварда, соҳиби сертификат ва медалҳои нуқра гардиданд.

Хонандагони дигари ҳамин синф дар олимпиадаи байналмилалии “Информатрикс” дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон соҳиби мақоми фахрӣ гардиданд. Дар ин олимпиада Қувватов Сино ҷои аввал, Иномзода Шаҳром ва Ғаниев Ҳасанҷон ҷойи дуюмро ишғол намуда, соҳиби медалҳои тиллову нуқра шуданд. Ба ин хонандагон аз фанни технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия омӯзгорон Рӯзибоев Тоҳир ва Мамадҷонов Хуршед дарс дода, шогирдонашонро ба олимпиада омода кардаанд.

Ҳар ду ин олимпиада ба номгӯи олимпиадаҳои байналмилалии замимаи қарори Раиси вилоят аз 18. 04. 2016, №176 “Дар бораи тадбирҳои ҳавасмандгардонии омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят” дохил мебошанд. Бо назардошти ин, хонандагони номашон дар боло зикргардида ва устодони онҳо аз ҷониби  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қадрдонӣ шуданд.

Зимни баргузории машварати августии омӯзгорон Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ба ин хонандагон мукофотҳои пулӣ тақдим намуд.

Аз ҷумла, ҷоизадорони олимпиадаи байналмилалии “Информатрикс” дар шаҳри Бухарести кишвари Руминия Мирзоалиев Шаҳром, Сафаров Исмоилҷон ва Муродов Баҳром ҳар кадоме ба миқдори 15 ҳазор сомонӣ ва ҷоизадорони олимпиадаи байналмилалии “Информатрикс” дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон Сино Қувватов бо 10 ҳазор сомонӣ, Иномзода Шаҳром ва Ғаниев Ҳасанҷон ҳар кадоме бо 5 ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида шуданд. Омӯзгорони ин хонандагон Рӯзибоев Тоҳир ва Мамадҷонов Хуршед низ мукофотпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро дар ҳаҷми 15 ҳазор сомонӣ ва 10 ҳазор сомонӣ дарёфт намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>