Омӯзгорони шаҳру ноҳия ҳама сол дар моҳи август машваратҳо аз ҳама фанҳои таълимӣ доир карда, фаъолияти худро барои соли хониши нав тарҳрезӣ мекунанд. Дар ин машваратҳо омӯзгорон аз таҷрибаи худ, натиҷаи тозакориҳо, бозёфту навгониҳо ба якдигар нақлҳо мекунанд, роҳи таълими фан, татбиқи нақшаю барномаҳо, дастуру ҳидоятҳои Сарвари мамлакатро мавриди баррасӣ қарор дода, роҳу усули беҳтарини кори таълиму тарбияро муқаррар мекунанд.
Сипас, намояндагони муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистонҳо, мақомоти босалоҳият дар машварати августӣ ҷамъ мешаванд. Машваратҳои августӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мувофиқи ҷадвали тасдиқкарда аз 22 то 25 моҳи равон баргузор мегардад. Машварат дар заминаи бурду бохти соли хониши сипаришуда назди маорифчиён вазифагузориҳо карда, роҳи минбаъдаи онҳоро рӯшан мегардонад.
Дар кори машварати августӣ олимони варзида, мушовирони фаннӣ, ғолибони озмуни «Муаллими сол», «Мураббии сол», муаллимони пешқадам, собиқадорони меҳнат аз муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, кӯдакистонҳо, муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф иштирок ва суханронӣ мекунанд.