Дар асоси дастуру ҳидоятҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сеюм аст, ки бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, дастгирии бевоситаи Раиси вилоят мӯҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар таътили тобистона ва зимистона омӯзгорони пешқадаму ботаҷриба ва собиқадорони соҳаи маорифи шаҳру нохияҳои вилоят бо истироҳат ва табобати ройгон фаро гирифта мешаванд.
Аз ҷумла, санаи 16. 01.2017 марҳилаи аввали табобату истироҳати маорифчиён дар КВД «Осоишгоҳи шифо»-и шаҳри Гулистон бо фарогирии 57 нафар кормандони соҳаи маориф оғоз ёфт. Тибқи нақша санаи 23.01.2017 боз 43 нафар омӯзгорону собиқадорон бо истироҳат ва табобати ройгон фаро гирифта мешаванд.
Айни замон дар ин осоишгоҳ бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон низ 20 нафар омӯзгорон таътили зимистонаи худро гузаронида истодаанд.
Ин иқдомҳои шоиста боиси қаноатмандию сарфарозии маорифчиён гардида, онҳо тасмим гирифтаанд, ки ба ғамхорию дастгириҳо бо меҳнати фидокорона ҷавоб мегӯянд.