Таърихи 16 марти соли ҷорӣ дар асоси иҷроиши нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.01.2021, #44 доир ба таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз — 2021 дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни Беҳтарин дастархони Наврӯзии «Ҳафт син ва ҳафт шин» аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Сардори Раёсати маорифи вилоят муҳтарам Каримзода Осим Қосимӣ иштирок намуда, ба хони Наврӯзии хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят баҳои баланд доданд.
Дар чорабинии мазкур 16 даста аз шаҳру ноҳияҳои вилоят анвои гуногуни хӯрокаи миллии тоҷиконаро ба маърази тамошо гузоштанд, ки аксари хӯрокҳо аз ҷониби аъзоёни маҳфилҳои «Рӯзғордорӣ»-и Марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои вилоят омода карда шуда буд.
Ҳайяти ҳакамони озмуни вилоятӣ дар асоси Низомномаи озмун беҳтаринҳоро муайян намуданд ва озмун чунин натиҷа дод:
Ҷойи 1 — Дастаи хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент
Ҷойи 2. — Дастаҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Ашт
Ҷойи 3. — Дастаҳои хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Гулистон ва ноҳияҳои Спитамен ва Ҷаббор Расулов