Дар асоси иҷроиши нақшаи чорабиниҳои қарори Раиси вилояти Суғд аз 29.01.2021, №44 доир ба таҷлили Иди байналмиллалии Наврӯз — 2021 дар Қасри фарҳанги ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даври вилоятии озмуни «МАЛИКАИ НАВРӮЗӢ» аз ҷониби Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд ташкил ва баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Сардори Раёсати маорифи вилоят муҳтарам Каримзода Осим Қосимӣ иштирок намуда, ҳадафи асосии озмуни мазкурро фароҳам овардани шароит барои инкишофи истеъдоди шахсият, баланд бардоштани дарки зебоипарастии кӯдакону наврасон ва ҳавасманд намудани онҳо ба касбу ҳунар унвон намуданд. Мафсуф зимни баромади хеш иброз доштанд, ки озмуни мазкур 5 сол инҷониб баргузор мегардад ва ба озмунҳои дӯстдоштании хонандагон табдил ёфтааст. Инчунин барои ташкили сатҳи баланди чорабинӣ ба масъулин баҳои баланд доданд.
Баъди маросими расмӣ ба саҳна 18 маликаҳои Наврӯзӣ аз 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват карда шуданд ва дар асоси қуррапартоӣ Маликаҳои Наврӯзӣ аз рӯи 5 шарт: хондани шеър дар васфи Наврӯз, иҷроиши рақс ва ё хондани тарона, истеъдоди ман(муаррифии истеъдод ва ҳунарҳои азбарнамуда), намоиши либоси дӯхти худи иштирокчӣ аз рӯи тарҳ ва дизайни Наврӯзӣ ва байтбарак бо ҳам қувваозмоӣ намуданд. Инчунин тибқи Низомнома ба доштани гесӯи дароз ва қади баланд имтиёзи иловагӣ ба ҳар як иштирокчӣ дода шуд.
Шоҳҷоиза: Азимова Мафтуна — хонандаи синфи 10, МТМУ №1 ноҳияи Деваштич;
Ҷойи 1. Умарова Лайло — хонандаи синфи 10, МТМУ №33 ноҳияи Ҷаббор Расулов,
Мӯсозода Робия — хонандаи синфи 10, МТМУ №7 шаҳри Панҷакент,
Олимова Суман хонандаи синфи 11 МТМУ №36 нохияи Ашт;
Ҷойи 2. Исмоилова Мадинаҳ — хонандаи синфи 10,МТМУ №13 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,
Паризод Турсунова- хонандаи синфи 11, МТМУ №7 шаҳри Гулистон,
Малика Латипова — хонандаи синфи 10, Гимназияи №2 шаҳри Бӯстон;
Ҷойи 3. Саида Содиқова — хонандаи синфи 10, Гимназияи №24 шаҳри Хуҷанд,
Маъмурова Моҳчеҳра — хонандаи синфи 11, МТМУ №12 ноҳияи Зафаробод
Абдуаҳатова Шаҳноза — хонандаи синфи 11, МТМУ №2 шаҳри Истиклол.