Имрӯз дар воситаҳои ахбори умум доир ба риояи сару либоси расмӣ, пешгирии пӯшидани ҳиҷобу чодар, ришу ришмонӣ сару садоҳои зиёде ба гӯш мерасанд. Дар ин маврид мехостам чанд мулоҳизаи хешро баён дошта бошам.
Дар муассисаҳои таълимӣ ҷорӣ шудани либоси ягона барои хонандагону омӯзгоронро метавон яке аз дастовардҳои солҳои охири маорифчиёни вилоят шуморид.
Чуноне маълум аст, мушовараи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ бо қарори худ аз 03.07.2007, № 14/3 « Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ»-ро (новобаста аз шакли моликияташон) тасдиқ кард ва ба фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2004, № 544 тағйирот ворид намуд.
Аз моҳи сентябри соли 2007 татбиқи Дастурамали мазкур дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ роҳандозӣ гардид. Дар муассисаҳои таълимии вилояти мо қарори мазкур дар соли таҳсили 2013-2014 ба таври муташаккилона татбиқ шуд. Айни замон кулли хонандагон ва муаллимон бо либоси ягона таъмин мебошанд. Либоси ягона дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ низ ҷорӣ шудааст.
Ба назар чунин менамояд, ки ин масъала пурра ҳалли худро ёфтааст ва дар самти мазкур дигар муаммою мушкилоти ҳалталаб мавҷуд нест. Аммо гоҳ-гоҳ тавассути воситаҳои ахбори ғайридавлатӣ иттилоъ дода мешавад, ки дар ин ё он муассисаи таълимӣ «ҳуқуқ ва озодиҳои ин ё он шаҳрванд (хонанда ё донишҷӯ) дағалона поймол карда шуд». Дар сурати пайгирӣ намудани чунин ахбор маълум мешавад, ки маъмурияти муассисаи таълимӣ садди роҳи ҳиҷобу сатрпӯшии ҳамон нафар гардидааст.
Воқеан ҳам то ҳанӯз дар ҷомеа ҳолати бо сару либоси ғайритавсиявӣ, сатру ҳиҷоб ба таълимгоҳ омадани нафарони алоҳида ба чашм мерасад. Дар сурати аз чунин амал боздоштани онҳо аксар вақт ходимони дин, аъзоёни ҲНИТ ва рӯҳониёни мутаассиб бонги хатар мезананд.
Шиносоӣ бо «Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ» нишон медиҳад, ки либоси ягонаи мактабӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ ва маънавии хонандагон, болоравии ифтихори миллии онҳо нақши бузург мебозад. Либоси мактабӣ дар замири хонандагон ҳисси зебоипарастӣ, хулқу атвори ҳамидаи инсониро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва боинтизом бошанд.
Қайд кардан бамаврид аст, ки тибқи ин Дастурамал ба хонандагон ҳангоми сард будани ҳаво пӯшидани либоси гарми зимистона ( камзӯлча, палто, ҷемпер ва куртка), ҳамзамон ба толибаҳо дар рӯзҳои ид пӯшидани либоси миллӣ ( аз атлас ё адрас) ва тоқӣ низ иҷозат дода шудааст. Дар пӯшидани поҷома ва бастани рӯймол онҳо соҳибихтиёранд. Дар маҷмӯъ, сару либоси ягона дар мувофиқа бо волидони хонандагон интихоб карда мешавад.
Дар Дастурамал вобаста ба фаслҳои сол ва синну соли хонандагон либосҳои махсус тавсия шуда бошад, ҳам ин маънои онро надорад, ки онҳо дар як сол чанд хел либос дӯзанд. Сару либоси мактабӣ аз матоъҳои арзону барои саломатӣ безарари ба ҳамагон дастрас дӯзонида мешавад.
Хулоса, ҷорӣ намудани либоси ягонаи мактабӣ дар муассисаҳои таълимӣ, ки аз ҷониби аксари аъзои ҷомеа ҳамовозии гарму ҷӯшон ёфт, ягон ҷойи нигаронӣ надорад.
Либоси миллӣ яке аз муқаддасоти миллати мо ба ҳисоб меравад. Дар давоми садсолаҳо он аз насл ба насл гузашта, такмил ёфта, то замони мо расидааст. Нигораҳое, ки таърихи чандҳазорсола доранду то замони мо расидаанд, занону духтарони тоҷикро ҳаргиз сатрпӯшу чодарбасар тасвир накардаанд. Чунин ҳолат дар асарҳои санъати асрҳои миёна низ ба чашм мерасад, ҳол он ки он замон айни авҷи таассуби динӣ маҳсуб мешавад.
Озодиҳои имрӯза барои бонувони мо ба осонӣ муяссар нашудааст, дар ин роҳ даҳҳо нафар ҳатто ҷони худро қурбон намудаанд. Занону духтарони диловар солҳои 20-уму 30-юми асри гузашта:
Фаранҷӣ бар сарам бори гарон будааст, донистам,
Занону духтаронро пурзиён будааст, донистам –
гӯён маъракаҳои фаранҷисӯзӣ оростанд, ки дар таърих бо номи «Ҳуҷум» то ҳол маълуманд.
Пас, чаро имрӯз баъзе ашхос дар як они воҳид озодии дар давоми даҳсолаҳо бо нархи ҷон ба даст омадаро зери по кардан мехоҳанд? Магар ин амал монанди ҳамон шиорпартоию майдоннишиниҳои солҳои 90-уми асри гузашта нест, ки Ватани соҳибистиқлоли моро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ кашид ва захмҳои он то ҳол ба пуррагӣ шифо наёфтаанд?
Аҷибии масъала ин аст, ки нафарони ҷонибдори сатру ҳиҷобпӯшии духтаронро даҳҳо масъалаҳои доғу ҳалталаб ба ташвиш намеорад, вале дар ин маврид аз пашша фил месозанд.
Дар Дастурамали либосҳои тавсиявӣ махсус таъкид шудааст, ки ба мактаб бо сатру ҳиҷоб омадани духтарон қатъиян манъ аст. Аз рӯи мантиқ ҳам бигирем ба мактаб бо сару либоси ғайримактабӣ омадан қобили қабул нест.
Либоси ягона тақозои замона аст ва он бояд ҳатман риоя карда шавад!
Осим Каримзода
сардори раёсати маорифи вилоят,
доктори илмҳои таърих, профессор