18-19 апрели соли ҷорӣ дар Мактаби байналмилалии президентии шаҳри Душанбе Олимпиадаи даставии ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои табиӣ-риёзӣ баргузор гардид. Дар он 5 даста, ҳар кадоме дар ҳайати 15 нафарӣ аз ВМКБ, вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Санҷиши дониши иштирокчиёни Олимпиада доир ба иҷрои шартҳои тестӣ ва кори хаттӣ аз ҷониби Маркази миллии тестӣ гузаронида шуд.

Дар ҷамъбасти Олимпиада дастаи мактаббачагони вилоят ба дарёфти 10 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла ба 3 ҷойи якум, 2 ҷойи дуввум ва 5 ҷойи сеюм мушарраф гардиданд. Бо чунин нишондиҳанда дастаи вилояти Суғд дар ҷумҳурӣ беҳтарин дониста шуд. Ба ғолибони Олимпиада диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Ғайр аз ин ғолибони Олимпиада барои дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ соҳиби имтиёз шуданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>