Дирӯз дар маҷлисгоҳи раёсати маорифи вилоят бо иштироки роҳбарон ва сармуҳосибони муассисаю ташкилотҳое, ки фаъолияташон аз буҷаи соҳаи маорифи вилоят маблағгузорӣ мешаванд, ҷаласа баргузор гардид.
Дар он сардори раёсат О.Каримзода, сармуҳосиб С.Шарифова натиҷаҳои санҷиши аудиторие, ки аз ҷониби мутахассисони Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккул ва иҷроиши буҷаи раёсати маорифи вилоят гузаронида шуда буд, суханронӣ намуданд. Таъкид гардид, ки дар баъзе муассисаҳо риоя нагардидани интизоми молиявӣ, саривақт пешниҳод нагардидани ҳисоботҳои молиявӣ ба мушоҳида мерасанд. Ба ҳозирин ҷиҳати риояи ҳатмии интизоми молиявӣ дастурҳои зарурӣ дода шуданд.
Директорони коллеҷҳои омӯзгории шаҳрҳои Панҷакенту Конибодом С.Худоёрова, А.Турсунова, муовини директори мактаби варзишии маҳораташ олии вилоят З.Бобораҳимов доир ба масъалаи баррасишуда андешаҳо баён доштанд.