Дар мактаби миёнаи № 23-и ноҳияи Б.Ғафуров байни китобдӯстони ҷамоатҳои деҳоти Ҳ.Усмонов ва Унҷии ноҳия озмуни «Китобхони беҳтарин» аз рӯи 7 шарт: навиштани номи асарҳои хондашуда, муаллиф ва қаҳрамонони он, ҳимояи кори эҷодӣ аз рӯи асари хондашуда, қироати ифоданоки шеър ё порчаи насрӣ, нақшофарӣ аз рӯи асари хондашуда, шарҳи луғат, кашидани расми дилхоҳ аз рӯи асари хондашуда ва аз калимаҳои додашуда сохтани калимаҳои нав гузаронида шуд.
Довталабон аз мактабҳои № 12,13, 15, 14, 23,27, 29, 50, гимназияи № 2, гимназияи «Нур» дар озмун фаъолона иштирок намуда. бориояи вақту меъёр ва тартиби муайяншуда байни ҳам қувваозмоӣ намуданд. Дар ҷамъбасти озмун Д. Муродова – хонандаи синфи 10-и мактаби миёнаи № 23 ҷоиякум, хонандагони мактабҳои №12,14,27,50, Саиднабиева М., Турсунова Д., Алишехов М., Шарипова М. ҷои ифтихориро соҳиб шуданд.