Омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои созандаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф чун соҳаи калидӣ ва бунёдии миллат ҷойгоҳи хосса дошта, Сарвари давлат тарбияи маънавии насли худогоҳу хештаншинос, маърифатпарвару саводнокро ояндаи неку дурахшони миллат арзёбӣ намудаанд. Ин нукта дар мулоқот ва суҳбатҳои хотирмон бо фаъолони вилоят дар шаҳру навоҳии Панҷакент, Исфара, Гулистон ва Ашт бори дигар зикр гардид. Аҳли вилоят, хосса маорифчиён, имрӯз дар қайди таассуроти пурнишоти ташрифи Сарвари давлат қарор доранд.
Бо таъкиди Пешвои муаззами миллат агар мо хоҳем, ки давлатамон пешрафта ва нерӯманд бошад, бояд шавқу завқи насли наврасро нисбат ба муқаддасоти миллӣ, техникаву технологияи муосир, омӯхтани камаш се забони хориҷӣ боз ҳам қавитар намоем. Зеро дар шароити ҷаҳонишавии тамаддунҳо, қудратталабию азнавтақсимкунии ҷаҳон аз ҷониби давлатҳои абарқудрат моро мебояд, ки насли босаводу аз лиҳози мафкуравӣ бойро тарбия намоем, то сипари давлат бошанд.
Дар иртибот ба ин мо – омӯзгорон ва кормандони соҳа ба фаъолони вилоят, ҳамкасбон ва аҳли ҷомеа муроҷиат мекунем:
Ташаккули худшиносӣ, ҳувияти миллӣ сарчашмаи ватандӯстӣ ва садоқату вафодорӣ ба обу хоки кишвар дар масири таърих шинохта шуда, дар оинаи зиндагии инсон нақш бастааст.
Дар ин росто, Ҳукумати кишвар доир ба рушди маърифату тафаккур ва бо ин васила, ба пешрафти маорифи миллии даврони соҳибистиқлолӣ як қатор санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ ва қарору барномаҳои бунёдӣ қабул кардааст. Дар ин самти муаррифии маорифи давраи Истиқлоли давлатӣ, аз ҷумла қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, “Барномаи давлатии такмил ва таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” ва дигар ҳуҷҷатҳои марбут ба соҳа аз зумраи ташаббусҳои судманди Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад, ки дар меҳвари он таваҷҷуҳ ва дастгирии масъулини соҳаи маориф қарор дорад. Бинобар ин, мо, омӯзгорон ва аҳли маорифи вилоят раванди “маориф – шаҳсутуни ҷомеа”-ро муназзам бояд нигоҳ дорем ва бо азму субот ва донишу маҳорати педагогии худ устувор гардонем.
Ҳамкасбони азиз!
Пешравии кору фаъолият дар ҳамбастагиву муттаҳидӣ аст. Ҳамин меҳвари асосиро, биёед, барои расидан ба мақсаду мароми пешгузошта, ки омили ягонаи баланд бардоштани маърифати насли наврас, таҳсилоти фарогири замона, маҳорату малакаи омӯзгорон то сатҳи ҷаҳонӣ аст, аҳлона бо рисолати касбӣ дар иҷрои вазифа содиқона заҳмат кашем. Маърифату донишу тафаккури миллии воқеӣ аз ҷанбаи ахлоқ, дониш, адолати иҷтимоӣ ва таъмини арзиши инсонии ҳар фарди ҷомеа, алалхусус, омӯзгор бояд иборат бошад. Барои даст ёфтан ба ин раванд эҳёи миллии маънавибунёд, эҳсос ва рисолати худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баҳри бархурдории толибилмон шарт ва зарур аст.
Пешвои муаззами миллат ба омӯзгорон эътиқоду эҳтироми самимӣ доранд. Боиси шарафмандии мо, омӯзгорон, мебошад, ки Сарвари давлатамон дар ин бора иброз доштаанд: “Маҳз муаллим аст, ки доимо меомӯзад ва он чӣ андӯхтааст, ба дигарон таълим медиҳад. Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеҷ гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”. Дар партави баҳои баланди Сарвари давлат имрӯз зарурате пеш омадааст, ки қадр ва манзалати омӯзгорро боз ҳам боло бардорем. Афкору андешаҳои созандаи собиқадарони соҳаро барои тақвияти донишу малакаи шогирдон ва умуман маорифи миллӣ босамар истифода барем.
Ҳаёти воқеӣ исбот кардааст, ки илму дониш, нерӯи зеҳнӣ – дар маҷмӯъ, маърифату маориф дар ҷомеа мавқеи калидӣ доранд ва таъмини рушди миллат, пешбурди маънавиёт ҳассагузор ҳастанд. Танҳо ташкилу баргузории озмунҳои фаннӣ ва иштироки доираи васеи хонандагон ба сабқати мактабӣ, шаҳриву ноҳиявӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ далели он аст, ки ислоҳоти фарогири соҳаи маориф ҷанбаи эҳсоси худшиносиву меҳанпарастӣ, садоқат ва меҳру муҳаббати самимӣ ба рушду ободи давлату миллат буда, насли ҷавони кишварро ба донишу маърифати бунёдӣ ҳидоят менамоянд.
Ҳамкасбони азиз!
Мактабҳои намуди нав ва дигар паҳлуҳои соҳаи маорифи даврони истиқлол имрӯз муаррифгари мақому манзалати омӯзгор буда, хонандагонро дар рӯҳияи баланди худшиносии миллӣ, ватандӯстиву меҳанпарастӣ, ахлоқи ҳамида ба камол мерасонанд. Ҳамчунин аз мо, омӯзгорон, кормандони соҳаи маориф тақозо менамояд, ки дар шароити торафт мураккабу печида гардидани авзои сиёсии ҷаҳон зарур аст, ки ҳар яки мо ҳамеша ҳушёру зирак бошем, ба ҳар гуна дасисаи бадхоҳони миллати тоҷик фирефта нагардем, манфиатҳои милливу давлатиро аз тамоми манфиатҳои дигар боло гузорем, сарзамини аҷдодии худро дӯст дорем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиамонро содиқона ҳифзу эҳтиёт кунем ва саъю талоши фарзандони худро барои дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони маҳбубамон дареғ надорем. Махсусан, имрӯз баланд бардоштани сатҳи таълими фанни омодагии дифои ҳарбӣ, аз нав эҳё кардани машқҳои дастҷамъонаи таълимии ҳарбӣ ва ба ин васила бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ аз вазифаҳои муҳими маорифчиён маҳсуб мешавад.
Барои муҳайё кардани зиндагии шоистаи мардум мутахассисони соҳибкасб, навовар, ихтироъкор ва ташкилотчӣ заруранд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки аз сатҳи мактаб барои омодасозии кадрҳои замони муосир азму субот нишон диҳем.
Итминони комил дорем, ки ҳамаи шумо — фаъолони вилоят, муроҷиати моро бо дарки масъулият ҷонибдорӣ менамоед ва дар ҳамбастагӣ баҳри шукуфоии кишвари маҳбубамон, пешрафти маориф ва маънавиёти ҷомеа саҳми арзишманд мегузорем.
Омӯзгорони гиромӣ, шуморо даъват менамоем, ки дар ин масир ҳама якҷоя, бо камоли касбият ва масъулият чораҳои судман андешем, ки таъсир ва нуфузи мактабу маориф, таҳсилоту маънавиёти соҳа, сатҳи таҳсилоту маънавиёти насли наврасро баланд бардорем, онро ба раванди ҷаҳонӣ муаррифӣ намоем. Ва он гоҳ нуфузи маорифи миллии ҷомеаи муосирамон низ назаррас хоҳад шуд.
Муроҷиатнома дар ҷаласаи ҳайати
мушовараи Раёсати маорифи вилояти Суғд,
12 май соли 2022, қабул шудааст
Смотреть статистику
Продвигать публикацию
9292
Комментарии: 11
Поделились: 125