Дирӯз дар толори раёсати маорифи вилоят бо иштироки масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо семинарии дастурдиҳӣ оид ба ташкилу гузаронидани сӯҳбат барои дарёфти квотаи президентӣ ҷиҳати дохилшавӣ ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ доир гардид.Имсол бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ тариқи суҳбат тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят 340 ҷой, аз ҷумла 177 ҷой барои писарон ва 163 ҷой барои духтарон ҷудо шудааст. Барои дарёфти квотаи президентӣ 1101 нафар довталабон ширкат меварзанд. Қайд гардид, ки дар 5 минтақаи вилоят аз 1 то 15-уми июн суҳбат бо довталабон аз ҷониби комиссияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад.
Ба масъулин дастур дода шуд, ки дар мавриди интихоб ва пешниҳод намудани довталабон бештар ба хонандагони ятиму бе парастор, аз оилаҳои камбизоат, сокинони минтақаҳои дуррдаст афзалият додашавад.