Бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳо моҳи декабри соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Толятии Федератсияи Русия дар бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-и ш. Хуҷанд Олимпиадаи байналхалқии ҷавонон аз фанҳои ҷамъиятшиносӣ, физика, химия ва математика баргузор гардида буд.

Дар Олимпиада 32 нафар хонандагони дорои истеъдоди баланд аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Чкалов, Исфара, Қайроққум, Истаравшан ва Б.Ғафуров ғолибият ба даст оварданд.

Бахшида ба ҷамъбасти рӯзи ҷавонони Тоҷикистон санаи 23.05.2015 дар толори раёсати маорифи вилояти Суғд ба онҳо Дипломҳои дараҷаҳои 1, 2, 3 ва Сертификати иштироки фаъолонаи дар Олимпиадаи мазкур дар фазои тантанавӣ аз ҷониби намояндаи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Умедҷон Сафаров супорида шуд.

Аз ҷумла, Маҳбуба Ғафурова хонандаи гимназияи № 4, Лейла Исомаддинова хонандаи муассисаи таълимии ғайридавлатии «Гулчини Маърифат»-и шаҳри Хуҷанд ва Акмал Каримов хонандаи муассисаи таълимии № 8-и шаҳри Қайроққум ғолиби Олимпиада аз фанни ҷамъиятшиносӣ дониста шуда, дорои Дипломи дараҷаи 1 гардиданд.

Умедҷон Мавлонов, Шероз Шарипов хонандагони мактаби Президентии шаҳри Чкалов ва Манонхоҷа Шарипов хонандаи муассисаи таълимии № 25 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сазовори Дипломи дараҷаи 1 аз фанни химия гардида, 26 нафари дигари фаъоли Олимпиада сазовори Дипломи дараҷаи 2, 3 ва Сертификати иштироки Олимпиада гардиданд.

Ҳоло мақола ягон шарҳ надорад.

Шаҳр гузоштан

Email-и шумо нашр намешавад. Ҳамаи сатрҳо бо аломати (*) ҳатмист.

Шумо метавонед аз барчаспҳои HTML истифода баред: <a href="" title=""> <abbr title=""> <acronym title=""> <b> <blockquote cite=""> <cite> <code> <del datetime=""> <em> <i> <q cite=""> <s> <strike> <strong>